Чун табъи Фурўғи Шарифро дар нисбати рўзи гузашта болида дидам, ба хулосае омадам, ки корҳои тафтишотӣ на ба он дараҷае ланҷанд, ки банда гумон дорам.
-Ин субҳ ман шуморо хеле интизор шудам ва на танҳо ман...
-Ба ҷуз шумо боз кӣ маро ёд мекардааст?
-Барзу Ёдгор ҳам шуморо чун рафиқи дерина хеле ёд кард.
-Дар асл мо ҳеҷ гоҳ рафиқ ҳам набудем.
-Суханони эшонро шунида, ба хулосае омадам, ки шумо ҳарду қариб аз гулўи якдигар об менӯшидед.
“-Худоё, наход Барзу Ёдгор, - ҳамон марде, ки бо ман бо нўги ангуштонаш салом мекард, имрўз ин қадар дар бораи банда бо меҳр сухан гуфта бошад,” - аз дил гузаронидам ман ва бо овози шунаво гуфтам, агар чунин илтифот дар нисбати банда зоҳир намуда бошад, беҳад сипосгузорам.
-Ба ҳар ҳол ин субҳ шумо бисёр ҳолатҳои пасипардагиро аз рўзгори Парвина Қамар шунида натавонистед.
-Чӣ магар ў адвокатро барои он даъват намуда, ки аз рўзгорӣ пасипардагии хеш тафтишотро огоҳ созад?
-Адвокатро вай не, балки бобояш даъват намуда.
-Ба кадом хотир?
-Шояд аз наберааш дилпур набошад.
-Ба ростӣ, дили ман ба ҳоли вай месӯзад.
-Ба ҳоли набера?
-Не, ба ҳоли бобояш.
-Чаро?
-Чунки вай на ба фарзандаш боварӣ дорад ва на ба наберааш.
-Моргазида аз банди ало метарсад.
-Инаш рост.
-Парвина Қамар боварӣ дорад, ки мо алибии пешниҳод намудаашро санҷида, ба бегуноҳ буданаш бовар мекунем.
-Шумо ба вай нафаҳмонидед, ки ин кор дар айни вақт ба мо даст надода истодааст.
-Фаҳмонидам.
-Вай чӣ гуфт?





