-Ў ин корро ба зиммаи адвокаташ вогузошт.
-Бисёр хуб.
-Дирўз бегоҳӣ шеф боз сари ҳамон масъала баргашт ва аз натиҷаи корҳои мо изҳори нигаронӣ намуд.
-Чӣ илоҷ, замин сахту осмон баланд.
-Дар бораи Усмон Башир ягон хабаре ҳаст?
-Бо Парвина Қамар шумо суҳбат намудед на ман.
-Аз он ки вай аз ҷавонзан дурӣ меҷӯяд, ёри бевафои Солеҳ Қамар ба хулосае омадааст, ки ў низ дар ин бозии қисмат манфиати хешро меҷустааст.
-Аз кай боз ў ба чунин хулоса омадааст?
-Пас аз вохўрӣ бо Барзу Ёдгор.
-Боиси таассуф аст, ки вай инро дер фаҳмидааст.
-Шумо ҳам дар ин бора ягон маълумоте ба даст овардед?
-Маълумоти расмӣ не.
-Маълумоти оперативӣ чӣ?
-Ҳама гуна маълумоти оперативӣ санҷиш ва таҳлили аниқро мехоҳад.
-Пас чаро аз пайи санҷиши он нашудед?
-Амалиёти ҷустуҷўии милиса нозукиҳои хешро дорад ва то мавриди муайян интишор намудани он манъ аст.
-Яъне, дар ин самт ба анҷоми неки кор умед баста метавонем?
-Умед шӯълаи охирин дар замири инсонҳост ва на бояд мо ба хомӯш шудани он роҳ диҳем.
-Ба ҳаминаш ҳам ташаккур.
-Намеарзад.
-Аслан инсонҳоро шинохтан душвор.
-Нафаҳмидам?
-Ҳар он чӣ ки банда аз забони Парвина Қамар шунидам, дар замирам душвориеро нисбати бегуноҳ будани нафаре, ки дасти рости шавҳараш буд, ба бор меорад.
-Барои инсонро фаҳмидан бо ў як пуд намакро истеъмол намудан ҳам кофӣ нест. Ман ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам оварда наметавонам, наход нафаре, ки сети бонкиро кушодааст, бозичаи дасти дигарон шуда бошад.
-Чун инсон мутеи нафс шуд, албатта, бозичаи дасти ҳар касу нокас гаштанаш аз эҳтимол дур нест.





