-Рўзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад...
-Яъне, ки шумо аз асп ҳам фаромада бошед, пой аз рикоб гирифтанӣ нестед.
-Усмон Башир ҳар кӣ ҳам набошад, мо наметавонем донишу маҳорати вайро сарфи назар намоем.
-Аз донише, ки бар зарари дигарон аст, чӣ суд?
-Ҳоло ки мо дар бораи гунаҳкор будани вай далеле дар даст надорем, чӣ тавр метавонем чунин андешаронӣ намоем?
-То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад ва агар боварӣ надошта бошед, метавонед ба сабти овози Парвина Қамар гӯш андозед. Банда итминони комил дорам, ки баъди шунидани садои ошно (овози Парвина Қамар дар назар аст) андешаҳоятонро дар бораи Усмон Башир дигар хоҳед кард, - гуфт Фурўғи Шариф ва диктофони хурдакакеро аз ғалладони мизи кориаш бароварда наздам гузошт. Ҳарчанд бандаро майли шунидани овози ҳамсари бевафои тоҷири бо дунёи фонӣ падрудгуфта набуд, вале баҳри дифои суханони хеш ва халал нарасонидан ба кори муфаттиш таноби гӯшмонакро ба диктофон пайваста, тугмачаҳои садодиҳандаашро ба гӯшҳоям гўзошта тугмачаи овозро зер намудам...
...9...
Зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад, агар чунин набудӣ ба гумон буд, ки баъди ин қадар ҳангомаю дағдағаҳо ашрофидухтар бо зердасти шавҳараш сари мизи “гуфтушунид” нишинад.
Агар Усмон Башир аз тафтишот дурӣ намеҷусту алибии нафареро, ки дар осоишгоҳи Оби Гарм ними бистарашро гарм сохта буд, тасдиқ мекард, ба гумон буд , ҷавонзан дар нисбати вай чунин андешаронӣ намояд.
Чун ба рафти ҳодисаҳо мо аз нигоҳи Парвина Қамар шинос шудем, натавонистем дар нисбати онҳо хулосаи хешро гӯем. Дар ин бозии қисмат айб дар ош буд ё дар мош барои ман муаммо буд ва ҳамчун муаммо боқӣ монд.
Баъди шунидани овози Парвина Қамар ман ба хулосае омадам, ки оқибат гургзода гург шавад, гарчи ба одамӣ бузург шавад. Агар чунин набудӣ, ҳаргиз чун зан ў наметавонист чунин як суханони болохонадорро ба забон биёрад. Хиёнат ба шавҳар кам буд, ки боз муносибати хешро бо Усмон Башир аз рўӣ мақоли “дилро ба дил роҳест” арзёбӣ намуда, худро фариштаи бе айб муаррифӣ намудан хост.





