Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 65 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 65 аз 499 · 2 ноябри 2026

Пас куҷост он ҳама шарму ҳаё, ки на танҳо ҳусни зан, балки обурўйи мардро ҳам дар тарозуи вақт мегузорад.
Рафту агар ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Ҷомии Шариф ҳамин лаҳзаҳо занг зада мегуфт, ки макони зисти Усмон Баширро муайн намудааст, ман ҳамоно ба он ҷо мерафтам то ба чанд суоли хеш, ки ҳангоми шунидани сабти овози Парвина Қамар рўӣ саҳна омада буд, ҷавоб гирам.
Аз суханрониҳои ашрофидухтар мўйи баданам рост шуд ва зери лаб назди боргоҳи Оллоҳ таоло тавба намудам, ки наход зан чунин беиффат шавад. Ба ростӣ, дар он лаҳзаҳо дили ман ба ҳоли марде, ки ба хотири чунин як иблис шуда, аз зану фарзандонаш ҷудо шудааст, сӯхт.
Гумон намекунам ба нафаре, ки ин парии обиро аз рўди пуртуғён берун оварду сипас ба хотири ў шуда аз зану фарзандонаш ҷудо шуд, нагуфта бошанд:- “Аспу зану шамшери вафодорро , ки дид”...
Рафту Солеҳ Қамар марди аз гармою сармои зиндагӣ бехабар мебуд, мегуфтем, ки аспгиру зангир ҳама девонаанд...
Бунёди оила кори саҳл нест, хусусан барои нафаре, ки аллакай дар қайди никоҳ аст ва боз аз он никоҳ фарзандони ноболиғ дорад.
Чун Парвина дар никоҳи расмии Солеҳ Қамар буд, банда аз нигоҳи қонун ба даву тозҳои эшон барои бекор кардани никоҳи аввалааш чашм дӯхтам...
Ҳатто дар тасвири ҳама он даву тозҳо қалам оҷизӣ мекунад, вале новобаста ба он ҳама душворию монеаҳо Солеҳ Қамар ба хотири муҳаббати нафаре, ки бист сол аз худаш хурд буд, тоқат намуда. Вале баҳои ҳама ин сабру таҳаммулро модагург ба ду танга қадр накарда, рафтори нопоки хешро бо зердасти шавҳар аз рўӣ мақоли халқи “дилро ба дил роҳест” шарҳ дода...
Лаҳзае ҳам бошад, ман нияти аз байни андешаҳо баромадану бо муфаттиш дар ин бора суҳбат намудан хостам, вале чун чашмам ба соҳиби дафтари корӣ бархӯрду ўро саргарми навиштан дидам, нахостам андешаҳояшро парешон созам...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан