Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 66 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 66 аз 499 · 2 ноябри 2026

Аз соҳил ман боз ба самти пуртуғёни рўд шино намудам ва чун ҳолати дастак задан пеш омад, ба хотири ғарқ нашудан аз рўйи тобу тавони хеш ба ин амал шурўъ намудам...
Рафти ҳодисаҳо худ ифшогари он буданд, ки эшон хешу ақрабояшро бовар кунонида, ки: “Асп дар зери пойи худам налангад.” Эҳтимол тоҷир як ҳолатро ба инобат нагирифт, ки нафаре қасд ба ҷони хеш намудаву худро ба дарёи пуртуғён партофт, Худонотарс аст.
Гумон намекунам, ки вай мақоли халқӣ “Битарс аз оне, ки ў натарсад аз Худо” –ро нашунида буд. Пас агар шунида буду ба панди гузаштагон эътибор надод, ин гуноҳи худи ўст.
Охир панди пир чун худи пир роҳнамои инсонҳост ва агар чунин набудӣ ҳаргиз мисраъҳои олам Бе пир марав, ки дар бимонӣ, Ҳарчанд Сикандари замонӣ рўйи лисон намеомад...
Солеҳ Қамар муҳаббати хешро қурбони нафаре намуд, ки дар зиндагӣ пеши по хӯрдаю қасд ба ҷони хеш намуда...
Аз он чӣ, ки бонуи ҷавон муҳаббати марди пирро пазируфт, ин худ як нишонае аз савори хуб будани мард буд.
Танҳо як нишонае, вале...
Савор андеша накард, ки аспи лангро рўзе ҳавои “рақси пешин” ба сар хоҳад омад... Агар андеша мекард, ў ҳеҷ гоҳ баҳри бонуи ҷавон чунин озодиро муҳайё намесохт.
“Демократия яке аз нишонаҳои истиқлол аст!” - нидо омад аз қалбам.
Демократия аслан маънии ҳокимияти халқиро дорад ва аз рўйи таҳлили банда агар ҳамаи халқ идоракунандаи ҳокимият гардад, ба гумон аст, ки аз он ҳокимияту давлат нишоне боқӣ монад.
Ҳатто дар оила ҳам озодии мутлақ ё худ демократия ба ҳолатҳои ногуворе оварда мерасонад. Русҳо, ки дар нисбати мо аз шарбати ин озодӣ бештар нўш кардаанд, демократияро “хаос, кавардак ва неразбириха”- ном мебаранд, гуфтам ман то қалби дар ҳавои демократия ба шур омадаамро ором созам.
...
Чун қалбам дигарбора эътироз накард, ба хулосае омадам, ки суханҳоям нишонрас буданд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан