Нек буд ё бад, кори шудагӣ шуд.
Нафареро, ки замоне рўди пуртуғён ба комаш фурў бурдан хост, зинда монд ва наҷотдиҳандаи вай ҷон ба ҳақ таслим кард.
Чи тазоде...
Дасти шахшӯли аҷал аз гиребони нафаре гирифт, ки чун ҳама ҳеҷбудагон ҳама шуд.
Дунё ба марде, ки аз хоки сиёҳ зар бардошт, вафо накард, ки накард...
Нафаре, ки қасд ба ҷонаш намуд, то кунун аз ҳавои озодӣ нафас мегирифт, чунки тафтишот то ҳамин лаҳза мақсади аслии ин амалро намедонист.
Ин ҳанўз маънои онро надошт, ки мақомоти тафтишотӣ ба рафти ҳодисаҳо аз паси панҷа нигоҳ мекунад. Ҳаргиз чунин набуд, вале набояд аз хотир баровард, ки ба ҷуз соҳиби гов дузд ҳам Худо мегӯяд...
Нафаре ба ҷиноят даст мезанад, боварӣ дорад, ки асрораш ниҳон мемонад, вагарна чӣ лозим сари сабз ба бод додан.
Баъди шунидани овози Парвина Қамар боз андешаҳои зиёде бандаро ба ҳалқа гирифтанд, вале...
Мусаллам буд, ки Солеҳ Қамар аз масофаи ниҳоят наздик ва боз аз пушт ҳадафи тири қотил қарор гирифта.
Ба гумон буд, ки қотил ғайриқонунӣ вориди бино шуда, омадани сайдашро интизорӣ кашида бошад. Барои қотил агар ў мутахассиси касби хеш будӣ, чунин амал бегона буд, чунки ба чунин таваккал роҳ додан ин баробари шикасти амалиёт буд. Назарияи эҳтимолӣ ба рафти ҳодисаҳо тақозо мекард, ки сайёд ва сайдаш дар як вақт вориди он қасри кошӣ шуданд.
Дурустараш сайд сайёдро ба кошонааш даъват намуда.
Чун Парвина Қамар ду пойро дар як мўза андохтанӣ шуда, тафтишотро бовар кунонидан мехост, ки он шабро ў дар осоишгоҳи Оби Гарм дар байни бозувони Усмон Башир рўз намуда, вале худи тафтишот дар ин ҷода ба саҳланигорӣ роҳ дода, алибии ҷавонзан он тараф истад, балки дар куҷо будани Усмон Баширро муайян карда натавонист ва то андозае кор ба нафъи ҳамсари бевафо ва хиёнатпешаи марҳум ҳал шуд, вале ин танҳо як тарафи кор буд.





