Тарафи дигари ин амал он буд, ки (чунин назарияро тафтишот инкор карда наметавонист) худи Солеҳ Қамар ҳам метавонист дар ҳолати дар хона набудани ҳамсари бевафояш зани дигареро ба хонааш даъват намояд. Агар чунин ҳолат рух дода бошад, пас нафаре, ки қасди ҷонаш намудааст, аз хулқу атвори тоҷир пурра бохабар буда ва тариқи намояндаи ҷинси латиф эшонро ба дом кашида.
Дар ин бозии тақдир агар муҳаббат поку беолоиш мебуд, чӣ тавр метавонистанд зану шавҳар якдигарро фиреб бидиҳанд? Дар нишондоди Парвина Қамар омада, ки шавҳараш бояд рўзи 27 апрел меомад, ин ҷо бошад, ў соатҳои 2330 - 2350 дақиқаи шаби 26 апрел бо зиндагӣ падруд гуфта...
Рафту ба ҷуз ҳамсар дар ин кор нафаре аз ҷинси латиф даст дошт, ўро худи Солеҳ Қамар ба манзилаш даъват намуда.
Дар он сурат агар ҷавонзани қотилро дар сар ҳавои ҳисоби шахсӣ (чунин ҳолатҳо дар зиндагӣ кам нестанд ) набудӣ, пас вайро нафаре барои амалӣ намудани ниятҳои нопокаш ҳидоят намуда. Агар воқеа чунин шакл гирифта бошад, сармуншии он рақобат дар тиҷорати эшон аст...
“Худованд ба мо ақли маҳдуд, аммо мақсаду мароми номаҳдуд додааст3.” Аз нигоҳи қонун маҳдудияти ақлии мо дар он аст, ки худро дидаю дониста пойбанди нафс намуда, аз доираи қонун берун мебароем. Ба андешаи лейтенанти калони милиса Ҷомии Шариф дар паҳлуи рақиби асосии тоҷири ҳадафи тир қарор гирифта Ҷаббор Маҳмуд гирд омадани Усмон Башир ва Салим Қурбон, ки яке то замони ақди никоҳ ва дигаре баъди он ними бистари ҳамсари тоҷирро гарм намудаанд, аз тасодуф дур буд...
-Андешаҳои шуморо дар атрофи суханони Парвина Қамар донистан мехоҳам, - ниҳоят гулў рўшан намуда гуфт муфаттиш.
-Кўзапуштро танҳо хоки гўр рост мекунад.
-Оё мо гуноҳи вайро собит карда метавонем?
3 Сухан аз Б. Спиноза, файласуфи Нидерланди асри XVIII -То замоне мо алибии вайро санҷида набароем?





