ба хулосае омадан мушкил.
-Баъди суҳбат бо Парвина Қамар фикре ба сарам омад.
-Хуш бошад.
-Агар ашрофидухтар низ дар ин бозии “қисмат” бозичаи дасти дигаре шуда бошад чӣ?
-Дар он сурат ў ба таври мустақим ҳам набошад, ба таври ғайримустақим ҳамиштирокчӣ дар ҷиноят мешавад.
-Агар аз марому мақсади аслии онҳое, ки ўро ба ин моҷаро кашидаанд, хабардор набошад чӣ?
-Пас мебоист вай бо мо ҳамкорӣ мекард.
-Гумон мекунам, ки моро ба ҷуз ёфтани Усмон Башир чорае нест.
-Нияти хуб ними давлат аст, - гуён ман аз ҷой бархестам...
...10...
Ёфтани ҶДММ “Маҳмудиён” дар байни биноҳои баландошёнаи маҳалаи Зарафшон – 2М бароям душвории зиёдеро ба бор овард. Гап дар сари он аст, ки офиси ҷамъияти мазкур дар ошёнаи якуми бинои нуҳқабата дар паҳлуи шоҳроҳи калони Душанбе-Ҳисор ҷойгир шуда. Соҳиби офис бошад, навиштаҷоти муаррификунандаро на дар пеши дари даромадгоҳ, балки аз пушти бино аз самти роҳи калон дар паҳлуи тиреза овезон намуда...
Дар интиҳо банда пой ба остонаи офиси мазкур гузоштам, то ба чанд суоле ба роҳбари корхонае, ки фаъолияташ ба хариду фурӯши молҳои сохтмонӣ нигаронида шудааст, муроҷиат намоям.
-Хуш хизмат, - баробари дидани банда пурсид нафаре, ки пушти мизи кории ҳуҷраи аввал ё ба қавле котибот менишаст.
-Ба ман Ҷаббор Маҳмуд лозим.
-Он кас нестанд.
-Албатта меомадагистанд?
-Ба гумон аст.
-Пас вайро чӣ тавр ёбам?
-Агар кори ниҳоят зарур дошта бошед, метавонед ба истгоҳи роҳи оҳани Ҳисор равед. Онҳо бояд қатораи аз Бишкек омадаро пешвоз гиранд.





