-Чӣ қатораро дар шаҳр пешвоз гирифта намешуд?
-Шумо маро нафаҳмидед? - шояд аз соддагии банда каме завқ бурда табассуми зебое намуда гуфт духтаре, ки паси мизи кори менишаст.
-Чӣ хел нафаҳмидам?
-ҶДММ “Маҳмудиён” дар Ҳисор чанд мағозаи молҳои сохтмонӣ дорад ва бори аз хориҷи кишвар тариқи қатора омадаро дар ҳамон ҷо мефароранд.
-Набошад, мехостам бо муовини аввали эшон суҳбат намоям, - қариб, ки нимҷиддию нимшӯхӣ гуфтам ман.
-Чӣ хел муовини аввал, шумо чиҳо гуфта истодаед?
-Аҷиб, ки мо ҳамдигарро нафаҳмида истодаем.
-Гумон доред, ки ман шӯхӣ мекунам?
-Надонам.
-О ин корхонаи хурди хусусист, дар ин ҷо муовини аввал чӣ кор мекунад?
-Шояд ягон нафар дасти рости роҳбари корхона будагист?
-Ёвараш гӯед.
-Бигузор гуфти шумо шавад.
-Салим ҳам ҳамроҳи шеф дар он ҷост.
-Усмон чӣ?
-Ў кайҳо дар ин ҷо кор намекунад.
-Шумо вайро мешиносед?
-Ўро ҳама мешиносанд.
-Маълум, ки нафари дидадаро будааст.
-Худозада буд.
-Нафаҳмидам.
-Усмон ҳеҷ гоҳ хотири намаки касеро накардааст.
-Равшантар намуда мақсадатонро фаҳмонед чӣ?
-Ба кадом хотир ман дарди дили хешро барои нафаре, ки бори аввал мебинам, кушоям.
-Ман аз милиса, агар бовар накунед, ана ин ҳуҷҷатам, - гӯён ман шаҳодатномаи хизматиамро аз ҷайбам бароварда, ба тарафи мусоҳибам дароз намудам, вале вай ҳатто ба он нимнигоҳе ҳам накарда гуфт: - Ман фаҳмидам.
-Аз куҷо фаҳмидед?
-Аз он ки Усмонро пурсидед.
-Аҷиб.





