Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 71 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 71 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Чияш аҷиб?
-Ҳамааш.

  • Замоне Усмон дар ҳамин ҷо кор мекард, аз рўӣ вай шуда мо чанд маротиба ба милиса даъват шуда нишондод додем.
    -Барои кадом гуноҳаш?
    -То ҷое мо фаҳмидем, ў тариқи интернет сайти муҳофизатии кадом як бонкеро кушодан хостааст.
    -Аминам барои ин гуноҳаш ўро ба маҳкама кашиданд, - худро ба нодонӣ зада пурсидам ман.
    -Агар вайро ба маҳкама мекашиданд, ба ростӣ як кори хайреро анҷом медоданд, вале афсӯс ки чунин нашуд.
    -Ба фикрам, шумо нисбати вай чандон андешаҳои нек надоред.
    -Чӣ хеле гуфтам, вай як худозада аст.
    -Далел.
    -Чӣ хел далел?
    -Барои шахсро гунаҳкор намудан далелҳои эътимоднок лозим, дар акси ҳол ҳама гуфтаҳоятон лойи хушкро мемонад.
    Лой хушк бошад, ба девор намечаспад.
    -Боз чӣ?
    -Дар он сурат шунаванда фикр мекунад, ки шумо дар нисбати вай туҳмат намуда истодаед. Туҳмат бошад, оқибати хуб надорад.
    -Нафаҳмидам.
    -Барои туҳмат дар қонун ҷазо пешбинӣ шудааст.
    -Истед, ки шумо милиса ҳастед ё адвокат.
    -Милиса.
    -Пас агар милиса бошед, чаро ба ҳимояи нафаре даст заданӣ мешавед, ки аз дасти вай чандин оилаҳо вайрон шуда.
    -Аз дасти кӣ?
    -Аз дасти ҳамон худозадае, ки, ба фикрам шумо, барои пуштибонаш дасту остин барзаданиед.
    -Ҳаргиз чунин нест.
    -Аз суханҳоятон маълум, ки шумо вайро ҳимоя намудан мехоҳед.
    -Ман, ки боре ҳам вайро надидаам, чӣ тавр метавонам ҳимояаш намоям.
    -Пас агар чунин аст, ин ҳама таваҷҷуҳатонро сабаб чист?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан