-Мехостам порчаеро аз саргузашти эшон, ки бароятон чандон хуш нест, қисса намоед.
-Чӣ дигар ман коре надорам.
-Хоҳиш мекунам.
-Ба кадом хотир?
-Ба хотири собит намудани бегуноҳии нафаре, ки вайро дар куштори шавҳар гумонбаранд.
-Ин ба Усмон Башири худозада чӣ дахл дорад?
-Мустақиман ҳеҷ.
-Дар асл чӣ?
-Усмон Башир бояд алибии вайро тасдиқ намояд.
-Пас чаро инро аз худи вай намепурсед?
-Чунки чанд рўз боз вайро наёфта истодаем.
-Шояд ў пинҳон шудааст?
-Ба кадом хотир.
-Барои гуноҳҳои содирнамудааш.
-Аз куҷо гирифтед, ки вай гунаҳкор аст?
-Агар гуноҳ намедошт, аз тафтишот пинҳон мешуд?
-Пинҳон шудааст ё не, мо аниқ намедонем, вале ҳама ҷустуҷўйҳоямон барои ёфтани вай бе натиҷа анҷом ёфтанд.
-Ин қиссаи хеле дароз аст.
-Ман ба ягон ҷо шитоб надорам.
-Мехостам ба ман қавл диҳед, ки ҳама суханони аз забони банда бурун омада дар байни ҳамин чор девор мемонад.
-Агар онҳо ба ҳодисаи рухдода алоқае надошта бошанд.
-Чӣ хел ҳодиса?
-Чӣ хеле гуфтам, мо дар атрофи марги нафаре тафтишот бурда истодаем.
-Ман, ки аз ҳодисаи гуфтаи шумо лаҳзае пеш огоҳ шудам, чӣ тавр метавонад суханонам бо ҳодисаи мазкур пайвастагие дошта бошад?
-Ба таври ростхата ҳеҷ.
-Ғайримустақим чӣ?
-Эҳтимол пайвастагие пайдо шавад.
-Ба гумон аст.
-Чаро?
-Ҳодисае, ки банда дар борааш нақл намуданиам, таърихи беш аз яксола дорад, ин ҷо бошад...





