Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 73 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 73 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Агар чунин аст, пас ҳисоб намоед, ки он аз байни ҳамин чор девор берун нахоҳад шуд.
-Чӣ хеле, ки гуфтам, соле пештар моро ба милиса даъват намуданд, то дар бораи ҳамкорамон Усмон Башир, ки тариқи интернет сайти муҳофизатии кадом як бонкеро кушодан хостааст, нишондод диҳем. Бо амри тасодуф буд, ё қисмати яздонӣ, ки ба бахти бисёр духтарони роҳгумзада он компютер вайрон шуд, вагарна кӣ медонад, чӣ мешуд...
-Чӣ мешуд?
-Қиёмат мешуд, мефаҳмед?
-На он қадар.
-Шумо аслан Усмон Баширро дидаед?
-Танҳо аксашро.
-Ў ниҳоят ҷавони зебост.
-Ман танҳо аксашро дидам, вале зебо буданашро дарк накардам.
-Бадбахтии ҳама занҳо дар он аст, ки онҳо танҳо ба намуди зоҳирии мард аҳамият медиҳанд ва то ботини эшонро мефаҳманд, ки аллакай корд аз устухон гузаштааст.Бо дугонаи ман ҳам айнан чунин ҳодиса рух дода...
Дар ҳамин ҷо мусоҳибам боз таваққуф намуд. Нигоҳи банда ба сўӣ вай бархӯрд ва ба хулосае омадам, ки котиба (ўро Наргис ном буд) савори киштии андешаҳои хеш аст, вале то кунун самти бодро муайян нанамуда ва намедонад ба кадом тараф бел занад...
-Ман шуморо гўш мекунам, - гӯён мусоҳибамро ба давом додани суханаш ҳидоят намудам.
-Дугонаам Замира ба Усмон тариқи гўшаи шиносоии интернет дил бохта. Онҳо муддате тариқи ин почтаи навбаромад арзи дили хешро баҳри ҳамдигар арзонӣ дошта ва баъди чанд муддате дар яке аз боғҳои шаҳр бо ҳам вохӯрда.
Ба ростӣ, Замира аз дидани Усмон тобу тавон аз даст дода, ҳама гуна шарму ҳаёро пеши по зада...
-Шояд ҳамааш аз рўйи муҳаббат сар зада бошад.
-Замира, ки ҳамон шабу рўз бо дигар кас фотеҳа шуда буд, аз рўйи муҳаббати ҳамин худозада шуда ба ҳаёти минбаъдаи хеш хатти батлон кашид.
-Оқибаташ чӣ шуд?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан