-Ба умеди зоғ шуда Замира аз раззоқ ҳам монд.
-Чаро дар амали мазкур гуноҳи дугонаатонро нею танҳо гуноҳи Усмонро мебинед?
-Чунки Усмон духтари содаро ба дом кашида, сипас вайро дар нимароҳ монда.
-Наход кас ба хотир муҳаббати яклаҳзаина шуда бахташро пеши по занад.
-Дар ҳодиси мазкур на Замира, балки Усмон гунаҳкор аст.
-Далел?
-Усмон ба Замира на аз рўйи муҳаббат, балки бо амри дигар кас дил дода.
-Чунинашро бори аввал мешунавам.
-Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист ва дар ин сарои беохир мо ҳама чун лӯъбатакони бозингар.
-Лаҳзае пеш шумо гуфтед, ки Замира то лаҳзаи вохӯрии аввалин бо Усмон Башир бо дигар кас фотеҳа шуда буд.
-Инкор намекунам.
-Пас чӣ ҷой гила, модоме ки худи дугонаатон ба бахти хеш зомин шуда.
-Бечора Замира аз куҷо мефаҳмид, ки он Дон Жуанро чӣ ҳавое дар сар аст.
-Хўш он чӣ ҳавое будааст?
-Ҳавои нафс.
-Муҳаббат ҳам нафс аст.
-Агар заррае дар замири вай худозада муҳаббат туғён мекард, магар барои бадном намудани нафаре, ки нафсу тани хешро баҳраш арзони дошт, талош мекард?
-Чӣ хел талош?
-Муносибатҳои марҳамонаи худ ва Замираро аксбардорӣ намуда, ба шантажи падари духтар даст намезад.
-Бовар намекунам.
-Чаро?
-Чун ки вай худаш наметавонист ба ин кор даст занад.
-Чӣ фарқ дорад, ки вай худаш ба ин кор даст задаст ва ё ин кирдори нопокашро тариқи нафари дигаре амалӣ намуда.
-Фарқаш аз замин то осмон аст.
-Яъне...





