Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 75 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 75 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ба андешаи ман худи Усмон Башир ҳам дар ин ҳодиса бозичаи дасти дигаре шудааст.
-Ў шайтонро ҳам ба лаби чашма ташна бурда ташна бармегардонад ва маълум, ки шумо боре ҳам бо собуни чунин афроди худозада ҷома нашустаед.
-Инаш рост, вале аз таҷрибаи рўзгор мегӯям, ки Усмон Башир ҳаргиз наметавонист, ки акси хешро ҳамроҳи Замирабону ба мадди назари мардум барорад, чунки дар ин амал аз манфиат дида нафрат бештар мешавад ва вой бар ҳоли нафаре ки ба нафрати мардум гирифтор мешавад.
-Чӣ хел наметавонист, модоме он аксҳои марҳамона ба дасти модари Замира расиданд.
-Онҳо чӣ аксҳое будаанд?
-Аксҳои марҳамона, духтар дар шакли урён болои бистар дар оғўши вай худозада!
-Оё аз дугонатон напурсидед, ки он вохӯрӣ дар куҷо гузашт ва чӣ тавр вай розӣ шуда, ки ҷавон дар чунин шакл вайро аксбардорӣ намояд?
-Вохӯрӣ дар кадом як бӯстонсаройи берун аз шаҳр гузашта. Замира бошад, ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам оварда наметавонад, ки касе онҳоро аксбардорӣ карда бошад. Бовар намоед, аксбардорӣ ҳам як шуғли дӯстдоштаи Усмон буд.
Муҳаббати вай ба компютер ва асбобҳои аккоси он қадар зиёд буд, ки ҳисобаш нест.
-Баъди он ҳодиса шарҳу эзоҳи онро аз Усмон Башир талаб накарданд?
-Ў аз худ мусичаи бегуноҳ тарошидан хост, вале Замира дигар ба вай бовар накард.
-Чаро?
-Баъди он ҳама ҳангомаю валвала, ки қадри духтарро ба як пули пучак баробар кард, чӣ тавр метавонист духтар ба суханони вай бовар намояд.
-Пас чаро барои шантаж намуданаш ўро ба мақомотҳои тафтишотӣ насупориданд?
-Дарду доғи аҳли оилаи Замирахонро дар он шабу рўз ҳисоб набуд ва ба хотири ифшо нашудани рози ниҳони хонадонашон талаби шантажистро қонеъ намуданд.
-Он чӣ маблағеро ташкил медод?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан