-Ба фикрам, ду ҳазор доллари амрикоӣ.
-Оё падари дугонаатон андеша накард, ки шантажист баъди ин ҳам метавонад амалашро боз такрор намояд.
-Аслан кор ҳам чунин сурат гирифт. Ба ҷуз оне ки шантажист он маблағро гирифт, моҳе пас ҳақу ҳамсояҳо ва ёру дӯстони хонаводаи Замира аз кирдорҳои ношоистаи духтаре, ки қариб аз сари оби никоҳ гашта буд, воқиф гаштанд.
-Пайвандони Замира бар он андешаанд, ки ин кори Усмон Башир аст?
-Ҳа, ҳамааш ҳамин тавр аст.
-Худи шумо дар ин бора чӣ андеша доред?
-Ман аллакай андешаҳоямро дар аввали суҳбатамон гуфтам.
-Яъне, ки...
-Бале занҳо ниҳоят соддаанд ва то асли ҳодисаро мефаҳманд, ки корд аз устухон мегузарад.
Шояд ҳақ ба ҷониби Наргис буд, вале вай бояд мефаҳмид, ки андешаи мардҳо ҳам дар нисбати ҷинси латиф чунин аст.
Агар чунин набудӣ, мақоли халқӣ “сад макр кунад шайтон, шогирди занон бошад” аз куҷо пайдо мешуд, агар чунин набудӣ чӣ тавр метавонист духтари мусулмон, ки бо дигар кас фотеҳа шудааст тариқи интернет ҷавонеро ба мулоқот хонад ва боз шарму ҳаёро пеши по зада, худро таслими вай намояд.
Ман бисёр мехостам ҳамин андешаҳоямро ба гӯши мусоҳибам расонам, вале ба хотири дарёфти ҳақиқат худдорӣ намуда гуфтам: - Ҳар кӣ бад кунад, ба бадии Худо гирифтор шавад.
-Иншоолоҳ.
-Танҳо ба як суоли дигар посух гирифтан мехоҳам.
-Бифармоянд.
-Ба андешаи шумо падари Замира бадхоҳи хешро медонад?
-То андозае.
-Нафаҳмидам.
-Замоне эшон сарварии як корхонаи калони саноатиро ба душ доштанд ва албатта нотавонбинонаш ҳам кам набудагистанд.
-Яъне, ки аниқ намедонад?





