Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 77 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 77 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Пайхас мекунад, вале далели мукаммале оиди гунаҳкории нотавонбинонаш дар даст надорад.
-Оё ман метавонам бо вай суҳбат намоям?
-Шумо ба ман қавл дода будед.
-Дуруст.
Наргис боз чизе гуфтан мехост, вале дар кушода шуду марди тахминан сиюпанҷ-чилсолае вориди дафтари кориаш гашт. Мард моро саргарми суҳбат дида, хост дарро аз тарафи муқобил бандад, вале духтар пешдастӣ карда, вайро аз райъаш баргардонд.
-Бубахшед, - бори дигар гуфт он мард ва аз остона Ҷаббор Маҳмудро пурсид.
-Он кас имрўз намешаванд, - тӯтивор ҷавоб дод котиба.
-Салим чӣ?
-Вай ҳам.
-Рафту агар омаданд, гӯед, ки ҳоҷӣ Малик омада буд.
-Хуб шудааст.
Мард дигар каломе ба забон наоварда аз остона пас гашт.
-Аҷиб ин ҳоҷӣ Маликаш боз кӣ бошад? - гӯён котиба мисли оне ки нияти ба ягон ҷой рафтан дошта бошад, он чанд коғази дар болои миз бударо ғундошта, болои ҳам гузошт. Аз ин амали вай ман ба хулосае омадам, ки пайдошавии ҳоҷӣ Малик оромии ўро халалдор намуд...
-Бо иҷозаи шумо, - гӯён ман аз ҷой бархестам.
-Суҳбат боқӣ - гӯён Наргис маро бо нигоҳи шарарбораш гусел кард.
Нооромии котиба бандаро водор намуд, ки лаҳзае ҳам бошад, дар берун вайро ба зери назорат гирам.
Баъди панҷ дақиқа Наргис аз бино берун шуд ва чун дузд ба атроф нигариста, аз роҳрави хурди байни биноҳо ба самти муқобил гузашт. Ман, ки то ин лаҳза дар шафти бинои муқобил меистодам, аз камингоҳ баромада аз қафояш шудам.
Бо азобе ҳамон гузаргоҳеро, ки Наргис ба осонӣ убур намуда буд, пушти сар карда, лаҳзае пас худро пушти бино гирифтам.
Ин амали Наргис, ки роҳи ростро монда, аз чунин як сӯрохии хурде рўйи шоҳроҳ баромад, шубҳаи бандаро дар нисбати вай бештар намуд. Хушбахтона, дар он лаҳзаҳо духтар пушт ба тарафи бино меистод ва тариқи телефони мобили бо касе дар тамос шудан мехост.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан