Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 78 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 78 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ин ҳолат ба ман имконият дод, ки мавқеи хешро иваз намоям ва ба тарафи чапи пушти бино ҳаракат намуда, рўйи роҳ баромада худро дар байни издиҳоми мардуми дар истгоҳ буда гирифтам. Наргис ҳамоно бо телефон гап мезад ва дар интиҳо дасти росташро бардошта, алвонҷ додан гирифт. Ин амали вай маро ҳушдор сохт, ки бодиққаттар бошам. Дар ҳамин лаҳза дар самти муқобил автомашинае бозистод ва ронанда аз он берун омада, баъди каме дастфишонӣ ба сўйи Наргис ҳаракат намуд. Духтар телефонашро ба сумкаи дар китфаш овезон буда гузошта, аз он коғазпечеро бурун оварда, ба тарафи нафари ба истиқболаш омада истода қадам зад. Онҳо қариб дар як вақт дар байни роҳ рў ба рў омаданд ва котиба он коғазпечро бе ягон калому паём ба дасти ронанда дода, сипас ҳардуяшон дар зери кунҷи 360 дараҷа самти ҳаракаташонро иваз намуда, роҳашонро давом доданд.
Нафари коғазпечро гирифта, нимаи роҳи паймудаашро дубора убур намуда, лаҳзае пас ҷисми хешро вориди автомашинааш гирифт. Котиба бошад, ин даъфа на аз сӯрохии байни биноҳо, балки аз роҳи рост ҳаракат намуда, ба самти ҷойи кораш рафт...
Ягона хотироте, ки аз ин “табаддулот” дар ёди ман монд, ин рақами ҳамон автомашинаи хориҷии сиёҳшиша буд.То ҷое, ки имкон дошт, банда симои зоҳирии ронандаро дар монитори хотирам ҷо намудам. Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки пайдошавии нобаҳангоми ҳоҷӣ Малик ба коргоҳи Ҷаббор Маҳмуд ба рафти ин ҳодисаҳо ягон пайвастагие дорад ё не, вале дилам гувоҳӣ медод, ки дар ин “бозӣ” зери коса нимкосае ҳаст...
Ман боз соате дар он маҳала чарх задам, вале аз ҳоҷӣ Малик нишоне наёфтам. Шояд ин ном чун рамзи гуфтугўи ҷосусӣ буд ё кӣ медонад...
Баъди даву талошҳои беҳуда ман боз ба истгоҳ рафта, омадани нақлиёти мусофирбарро интизор шудам.
Баробари пой ба нақлиёти шаҳрӣ гузоштанам ҷавони навхате аз рўӣ эҳтироми синну сол аз ҷояш бархоста, курсиашро бароям пешкаш намуд. Ба ростӣ, чунин нишонаи эҳтиром нисбати калонсолон боиси ифтихор аст ва банда чун ҳар як фарди мусулмон шукри Оллоҳ таолоро бар он гуфтам, ки вориси чунин миллати тамаддунпарвару бо фарҳанг ҳастам...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан