Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 79 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 79 аз 499 · 2 ноябри 2026

Тамоми роҳ бандаро як фикр ором нагузошт, ки нагузошт, ин ҳам бошад, пайдошавии нобаҳангоми ҳоҷӣ Малик ва яку якбора тарки ҷойи кор намудани котиба. Ба пиндори кунунии банда ҳоҷӣ Малик (агар ўро дар ҳақиқат чунин ном будӣ) звенои мобайнӣ дар рафти ҳодисаҳои имрӯза буд. Муайян намудани шахсияташ тобеъ ба вақт буд. Дар пушти бино овезон кардани навиштаҷоти офиси ҶДММ “Маҳмудиён” низ шояд нишонаи рамзие буд, вагарна ба кадом хотир нишонаро дар даромадгоҳи бино не, балки дар пушти бино овезон намоӣ. Дар атрофи он коғазпече, ки котиба ба ронандаи ношинос дод, бандаро ду фикр ба сар омад: якум коғазпеч метавонист маводи мухаддир дошта бошад. Ба чунин хулоса банда аз он рў омадам, ки нафарони дар ин амалиёт иштироккунанда ниҳоят эҳтиёткорона рафтор намуданд.
Тасаввур намоед, ки ду кас дар як вақт ба истиқболи якдигар ҳаракат намуда, додугирифтро бе ягон калому паёми зиёдатӣ анҷом дода, пас гаштанд. Амалро онҳо қариб дар як мижа задан ноаён иҷро намуданд.
Дуюм, дар он коғазпеч метавонист маблағи муайяне низ бошад, ки Наргис худ ва ё бо амри касе барои иҷрои амали муайяне ба он ронанда дод.
Дар истгоҳи бозори “Баракат” ман аз нақлиёти шаҳрӣ фаромадам, вале ба хулосае омада натавонистам. Гумон доштам, ки ба ҶДММ “Маҳмудиён” рафта, ба ҳама суолҳоям ҷавоб мегирам, вале ҳамааш баръакс шуд. Не паёме, не гуле гуфта, ман роҳамро давом додам,..
...11...
“Кори хона ба бозор рост намеояд” гуфтагӣ барин шуд.
Дар замоне, ки банда роҳравон дар бораи амалиёти паси - пардагии Наргису ҳоҷӣ Малик ва нафаре, ки дастовезро дар байни роҳ гирифт, андеша доштам, садои телефони дастиям баланд шуд.
Тугмачаро зер карда, гӯш ба қимор шудам, то бубинам нимаи дуюмамро чӣ дардест дар дил.
-Алло!

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан