Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 80 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 80 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Гӯш мекунам!
-Ҳоло дар куҷоӣ?
-Дар роҳ чӣ буд?
-Чӣ буд чӣ буд, даҳ бор гуфтам, ки қубурҳои фарсудашударо иваз намудан лозим, вале ягон суханам ба гӯшат надаромад, дурусттараш аз як гӯшат даромада ва аз дигараш чун бод баромада...
-Ин қадар воҳима кардед.
-Хоҳиш мекунам ба хона биё, биёву худат бубин, - гӯён ҳамсарам телефонро хомӯш кард.
Ба самти муқобили роҳ гузашта, таксиеро боздошта суроғаро гуфтам.
-Даҳ сомон.
Дигар каломе ба забон наоварда, ҷисми хешро ба курсии қафо гирифтам...
Наталья Василевна то ҳанўз саргарми тоза кардани фарш буд. Баробари дидани банда ў қоматашро рост карда, бо пушти дасти росташ арақи дар пешона будаашро пок намуда гуфт:

  • Марҳамат бубин!
    Манзара боиси дидан ҳам набуд ва аз он чӣ ки об тамоми ошхона ва роҳравро зер карда буд, ман ба хулосае омадам, ки на танҳо барои иваз намудани қубурҳо, балки барои таъмири хонаи ҳамсояи дар ошёнаи якум буда низ кисаҳоро афшонидан лозим меояд.
    -Дар поён чӣ гап? - бо ангуштам ба фарш ишора намуда пурсидам ман.
    -Ҳамсоя занг зад, вагарна намедонам чӣ мешуд.
    -Яъне, ки...
    -Дуруст фаҳмидед ҷонам, - бо табассуми зебое гуфт ҳамсарам. Шояд ин табассум бемаҳал буд, вале Наташа бо ин табассум қимати суханҳои гуфтаашро, ки банда қадри ҳама он гуфтаҳо ба як тангаи зард қадр накардам, ба хотирам овардан хост. Ҳарчанд ў нагуфт, ки акнун на танҳо қубурҳоро иваз намуданамон лозим меояд, балки ҷуброни оби ба хонаи ҳамсоя даромадаро низ ҳисобӣ намуданамон лозим, вале аз табассуми бемаҳалаш ман ба чунин хулоса омадам.
    -Хайр, дигар чӣ илоҷ?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан