Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 81 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 81 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Худкардаро даво нест...
-То нахӯрӣ санг, кай гардӣ самоъ.
-Хуб мешуд, ки аз пайи таъмири қубурҳо мешудӣ. Аз хотир набарор, сокинони чор ошёнаи як даромадгоҳ бо гуноҳи мо об надоранд.
-Набошад, ман аз пай овардани усто мешавам.
-Рав, рав, - гӯён ҳамсарам боз саргарми тоза намудани оби фарши роҳрав шуд.
Дар саҳни пеши бино таваққуф намуда ба Ҷомии Шариф занг зада вазъиятро фаҳмондам ва сипас ба самти бозорчаи маҳалла ҳаракат намудам.
То бегоҳ бо сарфи 60% маоши якмоҳаам қубурҳоро таъмир намудем. Ин даъфа ҳамсарам баъди сар додани об ҳар як пайванди қубурро бо ангуштонаш палмосид ва чун аз натиҷаи кор қонеъ шуд гуфт: - Илоҷи воқеа пеш аз вӯқуъ.
Баъди рафтани усто ману ҳамсарам ба дари хонаи ҳамсоя аз ошёнаи якум ангушт задем. Ҳарчанд хонаи ҳамсоя тай даҳ соли охир рўӣ таъмирро надида буд, вале ў низ дуздро дар обмурӣ доштагӣ барин, моро барои хунукназариамон гунаҳкор намуд ва бо азобе баъди додани шашсад сомонӣ, ин аз се як ҳиссаи маоши ман аст, бо вай худоҳофизӣ намудем.
-Хайр, чӣ хел? - баробари аз хонаи ҳамсоя баромадан пурсид модари Абдумаҷид.
-Бад не.
“То нахӯрӣ санг, кай гарди самоъ,” суханони чанд соат пештар ба забон овардаамро такрор намуд Наталья Василевна ва бо дасти росташ аз зери дасти чапам дошту мо аз зинаҳо ба боло ҳаракат намудем...
Гузаштагони мо беҳуда нагуфтаанд, ки бадбахтӣ ҳаргиз танҳо намеояд ва агар чунин намебуд, ман кайҳо дар бистари гарм сар ба болини мулоим мегузоштам, вале...
Вақте ки мо пой ба остонаи хона гузоштем, телефон ба тамоми қувва “ҳунарнамоӣ” дошт. Аз садои нобаҳангоми он Абдумаҷиди хурдакак, ки баъди аз боғча оварданаш дар хоби ноз буд, бедор шуда, дар зери ин навои ноҷур ба сурудхонӣ даромада буд. Ҳарчанд ман зангҳои телефонии бемаҳалро хуш надорам, вале чун бонуи хона ба назди ҷигарбандаш рафт, маҷбур шудам рафта гӯшакро бардорам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан