Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 82 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 82 аз 499 · 2 ноябри 2026

Сараввал тай чор панҷ дақиқа мусоҳибамро, ки беист гап мезад, гўш намудам, вале ҳеҷ мақсади аслии вайро фаҳмида натавонистам. Гап дар сари он мерафт, ки Раъно - духтари Мавлударо шавҳараш се талоқ намуда будааст..
-Тинҷи ҳаст? - ногоҳ пушти дар пайдо шуда пурсид модари Абдумаҷид, ки шояд аз хомӯш шудану бедарак гаштани банда тайи ин мудат ба ташвиш афтода буд.
-Ман ҳеҷ чизро нафаҳмидам, беҳтар мешуд, худат бо Мавлуда суҳбат мекардӣ, - гӯён гӯшакро ба дасти ҳамсарам дода, худ ба хонаи хоб даромадам. Дар асл бошад, ман бисёр чизҳоро фаҳмидам. Аз он чӣ ки Раъноро шавҳараш сар дода буд, ман заррае ҳам хафа нашудам. Ин ҳодиса бояд як ду сол пештар рух медод, вале офарин ба Равшан, ки то имрўз тоқат кард.
-Раъноро ҳамсараш сар додааст, - баъди тахминан панҷ - шаш дақиқаи дигар вориди хонаи хоб шуда гуфт Наталья Василевна.
-Ин кор бояд як ду сол пештар рух медод.
-Ту чиҳо гуфта истодаӣ? - Охир Мавлуда дӯсти хонадони мост ва ў боз дугонаи ман аст.
-Гуфтани ҳақиқат аз дӯстӣ бо Афлотун волотар аст, мефаҳмӣ?
-Беҳуда нагуфтаанд, ки “менты ни кенты.”
-Чун коса лабрез шуд, дигар онро дошта намешавад ва беҳтар мебуд ҳамин ҳолатро ба Мавлуда мефаҳмонидед.
-Афтодаро намезананд, магар ҳамин суханонро шумо борҳо ба забон наоварда будед ё мехоҳед ман ҳам болои сӯхта намакоб пошам?
Тамоми даву тозҳои имрўза бо он ҳама суханони сермурчу қаланфури ҳамсоя ва афшонидани кисаҳоям чун ҳамин як сухани аз забони ҳамсарам буруномада қалбамро ин қадар нашикофта буд. Шояд ман дар ҳаққи Мавлуда носазо гуфтам.
Тайи чанд сол аст, ки ман вайро нағз мешиносам, ҳамсараш Равшан ҳам марди хубест, вале чӣ илоҷ ки Раъно на аз падар маърифати инсониро аз бар карда ва на аз модар бурдбориро омӯхта. Охир кадом падару модар хушбахтии фарзандро намехоҳад. Рафту агар Раъно эҳтироми падару модарашро пос медошт, моҳе як маротиба хонаро ба сараш бардошта, ба манзили волидайнаш қаҳр карда намеомад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан