Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 83 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 83 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ҳарчанд ў ва Равшан ҳамдигаро дўст дошта, баъд хонадор шуданд, вале баъди тӯй арўс ҷомаро чаппа пӯшида, ба домод фаҳмонда додааст, ки нияти якҷоя бо хусур ва хушдоман зиндагӣ кардан надорад. Бечора домод дигар чӣ ҳам мекард, чун дидааст, ки ситораи падару модараш ба ҳамсараш рост наомад, охири охирон кафшҳои ҳамсарро пеши пояш гузошт...
-Хайр, акнун кори шудагӣ шуд ва новобаста ба ҳама ҳамдилии шумо дар нисбати дугонаатон ба гумон аст, ки шишаи бишкастаро имконияти пайванд намудан бошад, - баъди андешаҳои зиёд ва хомӯшии бардавом гулӯ рўшан намуда гуфтам ман.
-Дилам ба Мавлуда месӯзад, бубинед Раъно бо ў чӣ кард.
-Пеш аз ҳама Раъно ба худаш бад кард. Албатта, ин кор барои падару модараш ҳам душвор аст, вале чӣ илоҷ, ки сухани аз забон баромада ҳам мисли оби рехта ва шишаи бишкаста аст.
Наталья Василевна аз забони Абдумаҷид бандаро ба сайри шомгоҳӣ таклиф кард.
Баробари ба саҳни ҳавлӣ баромадан шамоли сарди шабона сару рўямро “сила” намуд. Ҳамин як “навозиши” табиат хобро ба тамом аз чашмони ман дур сохт. Мо аз дастони Абдумаҷиди чорсола гирифта, дар кӯча хеле қадам задем ва Далерро, ки ҳамин шабу рўз дар олимпиадаи мактаб бачагон ба шаҳри Остона рафта буд, ёд кардем. Соате пас ба хона баргаштем, вале то посе аз шаб гузаштан дигар маро хоб набурд.
...12...
Оғози субҳи навро бо навозиши офтоби оламафрўз, ки шишаи шаффофи тирезаро шикофтаю рўӣ бистарам партавфишонӣ дошт, истиқбол гирифтам. Чун чашм кушодам, нимаи дуюми хешро дар паҳлуям надидам. Хостам гулў рўшан намоям, вале аз дари нимкушодаи ҳуҷраи хоб бўйи субҳонаи аз ошхона баромада ба димоғам заду аз райъам гаштам...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан