Бархилофи одати ҳамешагии хеш ин субҳ бонуи хона машқи аввалини субҳгоҳиашро иҷро накард4.
Новобаста аз он ки аз таъсири нурҳои офтоб ман дар зери обу арақ монда будам, болои бистари мулоим мавқеи хешро каме тағйир дода ба андеша рафтам.
Ба пиндори ҳамонлаҳзаинаи банда ҳодисаи дирўза аз нигоҳи иқтисодӣ ба мудири молия (ҳамсарамро дар назар дорам) таъсири манфӣ расонида буд. Ба чунин хулоса омаданамро сабаб он буд, ки дар ҳама ҳолате, ки таъби ҳасарам болида буд, манро бедор мекард. Ин субҳ бошад...
Ҳарчанд ў дишаб дар бораи зарари ба буҷаи оила расида сухане нагуфт, вале амали субҳгоҳии вай ифодакунандаи рози ниҳонаш буд. Охир кам не ғам не, дирўз дар давоми ду соат маоши якмоҳаи банда ба боди фано рафт.Ҳодисаи дирўза аслан бо гуноҳи мо не, балки бо гуноҳи мутасаддиёни хоҷагии манзилию коммунали рух дод, вале сари ин масъала дигар баргаштан маъние надошт...
-Субҳона тайёр! - аз ошхона садо кард модари Абдумаҷид ва ман дилу бедилон аз ҷой бархестам.
-Тарки одат намудан хосияти хуб надорад, - баробари аз ҳуҷраи хоб баромадан гуфтам ман ва хостам вориди ҳаммом шавам.
-Масти хоб будӣ, дилам нашуд, ки хобатро нороҳат созам.
-Ба фикрам, натиҷаи ин дилсўзии худатро Воҳид Камол ҷуброн хоҳад кард.
-Ба гумон аст.
То андозае ҳақ ба ҷониби Наталья Василевна буд. Охир кадом роҳбар барои дар рўзи якшанбе ба кор набаромадани зердаст ба вай танбеҳ медиҳад, новобаста аз ин ки тарзи кор дар милиса дигар аст. Дар ин рўз ман аъзои гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ ҳам набудам, ки малоли хотири мўӣсафед (Воҳид Камол дар назар аст) шавад, вале бандаро як ҳолат ором намегузошт, ин ҳам бошад муаммои сарбаста дар марги Солеҳ Қамар ва “бозиҳои ҷосусии” дирўзаи Наргис ва ҳоҷӣ Малик.
Яке аз сабабҳои то посе аз шаб гузаштан мижа таҳ накарданам
4 Машқи авалини пагоҳирўзи барои зан ин бедор кардани шавҳар
аст (мақоли русӣ) ҳам ҳамон “бозиҳои ҷосусии” дирӯза буд.





