Рафту агар дирӯз хонаи ҳамсояро дар зери об намемондем, шояд дар атрофи ин масъала гиреҳе ба даст меовардем ё кӣ медонад...
Чун дирўз баъди ба хона омадан ман дигар имкони ба коргоҳ рафтанро наёфтам, акнун худро бар он мазаммат мекардам, ки дар нисбати ҳодисаи дирўза дидаам хунукназарӣ зоҳир намудам, гарчанде ки дар ин бора лейтенанти калон Ҷомии Шарифро телефонӣ огоҳ намуда, ба вай баъзе супоришҳо ҳам дода будам. Чун баъди гирифтани дастур ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ дигар занг ҳам назад, ба хулосае омадам, ки дар кори шогирд ҳам пешравие нест.
-Чаро хомӯш шудед?
-Муйсафед ҳам чун Феликс Эдмундович интизоми оҳанинро мепарастад.
-Магар ман гуфтам, ки худат интизомро вайрон намо?
-Аз кор дер мондан ҳам яке аз нишонаҳои вайрон кардани интизоми меҳнат аст.
-Дар рўзи якшанбе ҳам?
-Чӣ фарқ дорад?
-Ман ҳайронам, ки шумо милисаҳо чӣ тавр ҳуқуқҳои дигаронро дифоъ мекунед, модоме, ки ҳуқуқҳои худатонро намедонед.
-Чӣ хел ҳуқуқҳоямонро намедонем, о беандеша сухан гуфтан хуб нест.
-Оё намедонед, ки милиса ҳам чун ҳама шаҳрвандони дигар ҳуқуқ ба истироҳат дорад?
-Пеш аз оне ки милисаро дар надонистани ҳуқуқҳояш гунаҳкор намоӣ, хуб мешуд, ба ёд меовардӣ, ки ҳамин милисаи дар рў ба рўят буда дирўз дар куҷо буд.
-То нисфирўзӣ дар кор будед.
-Баъди нисфирўзӣ чӣ?
-О хонаро об зер кард,чӣ агар дар давоми як сол як бор дар рўзи шанбе ба кор рафта натавонистӣ, осмон ба замин омада расид?
-Ман ин хел нагуфтам.
-Суханони худатро дигар хел ҳам фаҳмидан мумкин аст?





