Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 86 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 86 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Дар милиса корҳое ҳаст, ки ба таъхир андохтани онҳо оқибати нек надорад. Чун дирўз баъди нисфирўзи ҳам бошад, ба кор набаромадам, имрўз маҷбур мешавам...
-Метавони равӣ, худатро дошта намеистам. Ман - ку майлаш, вале намедонам фарзандонат чӣ мегуфта бошанд.
Охир ба фарзанд на танҳо хӯрокаю пӯшока, балки меҳри падарӣ ҳам даркор аст. Аққалан ҳафтае як маротиба ба хотири фарзандонат бо мо бимон, бо бачаҳоят суҳбат намо, онҳоро гирифта, ба саёҳат рав. Наход ба ҷуз кор туро дигар ҳавое дар сар набошад. Ҳазорсолаҳо боз дар байни ҳама қавму миллатҳо як сухани маъмуле ҳаст, вале афсус, ки худат онро ба гӯшаи фаромӯшӣ додаӣ.
-Боз чӣ хел сухан?
-Сад рўз аз пай кор, як рўз аз пай ёр...
-Ҳоло ҳамин хел гӯед?
-Ҳамин хел, ҳатто сарбози одии армияи Исроил дар нисбати худат, рафиқ майор, аз ҳуқуқу вазифаҳои хеш бештар дифоъ мекунад, ёдрас мешавам сарбози одиаш...
-Чӣ хел?
-Рӯзе командири яке аз қисмҳои низомии давлати Исроил ҷиҳати равонию психологии сарбозеро донистани шуда мепурсад:
-Командир: - агар ҳамин лаҳза гурӯҳи сарбозони душман пайдо шавад, шумо чӣ кор мекунед?
Сарбоз: -Автоматро гирифта онҳоро мепаронам.
Командир: - Бисёр хуб, бисёр хуб ва агар дар ҳамин лаҳзаҳо танки душман пайдо шавад, амали шуморо донистан мехостам.
Сарбоз: - Гранатомётро гирифта танкро мавҳ месозам.
Командир : - Офарин, рафту агар дар осмони диёр ҳамин лаҳзаҳо самолёти душман пайдо шавад чӣ?
Сарбоз: - Рафиқ командир, магар дар ин армия ба ғайр аз ман дигар ягон сарбоз нест?
-Яку сифр ба фоидаи худат, - гӯён ман ба тарафи ҳаммом ҳаракат намуда, лаҳзае пас ҷисми хешро ба зери фаввораи оби хунук гирифтам. Фақат лаҳзае...Сипас ҳарорати обро мӯътадил намуда, боз муддате зери фаввораи оби ширгарм истодам...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан