Лаҳзае дар зери фаввораи оби хунук истодан мавҷи андешаҳоямро боз ба дуриҳои дур бурд. Новобаста аз ҳама баландию сардии Сағирдашт падару бобоёни мо ҳамеша дар зери шаршара, ки атрофи он бо чордевории сангине бардошта шуда буд, оббозӣ менамуданд ва касе аз онҳо шояд ба гӯшаи хотир ҳам наоварда буд, ки барои наслҳои оянда ин амали онҳо чун афсона мемонад...
Чун афсонаи буду набуд...
Афсонае, ки оғозаш талх.
Афсонае, ки анҷомаш нек.
Лаҳзае дар зери фаввораи оби хунук истодан бандаро ҳушдор сохт, то дар атрофи суханони ҳамсарам, ки мисли ҳамин об сард буданд, андеша намоям. Бисёр кӯшидам ба ёд биёрам, ки кай бори охирон ҳамроҳи Далеру Абдумаҷид ба тамошо рафтам, вале ба ёд оварда натавонистам. Ҳанўз чашми рўз накафида аз хона мебароям ва посе аз шаб гузаштан ба хона бармегардам, ки дар аксари мавридҳо фарзандонам масти хобанд. Кам ҳолатҳое шудааст, ки мо ҳама якҷоя сари як дастурхон нишаста бошем...
Ба худ қавл додам, ки ин рўзи якшанберо ҳамроҳи аҳли оила мегузаронам, вале ин ҳама аз фикру хаёли хоме беш набудааст, чунки соате пас маро боз ба коргоҳ даъват намуданд ва масъулияти касбиам имкон надод, ки мисли ҳамон сарбози яҳудӣ аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ намоям...
...13...
Баробари пой ба остонаи бинои милиса гузоштан навбатдор бандаро ҳушдор сохт, ки ҳамроҳи Ҷомии Шариф ба назди Воҳид Камол дароям.
-Дар ин рўзи якшанбе Ҷомии Шарифро аз куҷо ёбам?
-Бо супориши сарвари милиса ман вайро ҳам ҷеғ задам, шояд ҳамин лаҳзаҳо расида монад. Тахминан баъди се - чор дақиқа Ҷомии Шариф ҳам расида омад ва мо ҳарду якҷоя ба “зиёрати” сардори ШКД рафтем...
Чун дар ин рўзи якшанбе котиба аз ҳуқуқҳои констутсиониаш истифода бурдаву ба кор набаромада буд, дар қабулгоҳ чун рўзҳои кори касе садди роҳи ба назди сардор даромадани мо нашуд. Мо ба дари дафтари кории сарвари милиса ангушт зада, ҳатто интизори шунидани садои Воҳид Камол нашуда, дарро кушода, пой бар остона гузоштем.





