Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 88 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 88 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Марҳамат гузаред, - чашм аз коғазҳои дар болои мизаш буда наканда гуфт нафаре, ки истироҳати моро халалдор намуда буд.
Мо рў ба рўӣ якдигар паси мизи дарозрӯя, ки бо мизи кории сардор пайваст шуда ва бо ин васила шакли ҳарфи “Т”- ро гирифта буд, нишаста гўш ба қимор шудем.
-Ягон навигарӣ ҳаст? - Ҳанўз чашм аз коғазҳои дар болои мизи кориаш буда наканда пурсид Воҳид Камол.
Ман хостам дар бораи ҳодисаҳои дирўза сардори милисаро огоҳ намоям, вале чун мақсаду мароми аслии эшонро намедонистам, ба таври кӯтоҳ посухи инкор додам...
Ҳатто чунин посух ҳам оромии сарвари милисаро халалдор накард. Таваҷҷуҳи эшонро ба коғазҳои дар пешаш буда дида, хостам ба ин суол бо нигоҳе аз нафари дар рў ба рўям буда посух бигирам, вале нигоҳи шогирд ҳам ба як нуқтаи муайяни болои миз дӯхта шуда буд ва ў низ сари кадом хотироти ширини хеш шино дошт...
Новобаста аз ҳама оромӣ мавҷи хотироти банда парешон буду парешон. Бисёр кӯшидам, ки ин лашкари парокандаро гирд оварам, вале ҳама кӯшишҳоям бе натиҷа анҷомид...
Мавҷи хаёлотам аз фарш хеста, ба арш мезад ва лаҳзае пас боз сарозер ба фарш меомад. Бисёр кӯшидам ҳаракати лашкари ба шӯр омадаро дар самти уфуқӣ рост намоям, вале бархилофи ҳама кӯшишҳоям лашкари ба шигифтомада дар самти амудӣ ба ҳуҷум гузаштан мехост...
-Ин хеле бад аст, хеле бад, - дубора гулӯ рўшан намуд Воҳид Камол.
Ҳамин як сухан асос шуду ман аз муҳосираи лашкари ба шӯр омада берун шуда, нигоҳамро ба тарафи ровӣ дӯхтам ва вайро боз сари қироати коғазҳои дар пешаш буда дидам.
Гумон мерафт, ки домулло аз ахбори хатии дар пешаш буда майли дил кандан надорад. Дар он қоғазҳои сафед чӣ сире ниҳон буд, мо намедонистем, вале таваҷҷуҳи беандозаи сарвари милиса худ ифодакунандаи рози ниҳоне буд.
-Ана ҳамин хел, - дар интиҳо чашм аз он коғазҳои пурасрор канда, нигоҳашро ба тарафи мо дӯхта гуфт нафаре, ки моро ба наздаш ҷеғ зада ва боз муддати панҷ - шаш дақиқа ба гӯшаи фаромӯшӣ дода.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан