-Нафаҳмидам.
-Албатта, намефаҳмед, агар мефаҳмидед, магар дар рўзӣ истироҳат ба ин ҷо меомадед?
-Шахсан ман нияти омадан ҳам надоштам, вале...
-Шуморо ба идора даъват намуданд, ҳамин хел?
-Бале.
-Ин амри ман буд, чунки иҷрокунандаи вазифаи сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ шуда, телефони дастиатонро хомӯш карда будед, ё гапам нодуруст?
-Дуруст.
-Сари бемағз ҳамеша сабабгори нороҳатии пойҳо мегардад.
-Дар ин бора баҳс намекунам.
-Ин суханони ман не, балки меросест аз гузаштагон, ки аз таҷрибаи рўзгор гирифта шуда, вале афсӯс ки худи мо ба таҷрибаи рўзгори пешин аз паси панҷа менигарем.
-Ҳаргиз чунин нест, рафиқ полковник.
-Яъне, ки...
-Оғози фаъолияти кории банда низ дар милиса бо шунидани ҳамин мерос ибтидо гирифта.
-Набошад, ғуборе шуморо барои ин даъвати бемаҳал дар дил нест.
-Сар, ки бемағз бошад, ғубор аз куҷо.
-Ин киноя аст?
-Не, ҳақиқатро гуфтам.
-Гумон доред, ки банда дар ин рўзи якшанбе аз хурсандиам ба кор омадам?
-Не, албатта.
-Пас чӣ лозим киноя задан.
-Афсӯс ки банда то кунун каломи мардуми ориф “забони тез сари сабзро ба бод медиҳад”-ро аз бар накардаам.
-Акбар Ҳакимович, ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад.
-Чӣ илоҷ, модоме ки ман на ҷой гуфтани суханро ёфтаму на ҷойи нуқта гузоштанашро.





