-Ба фикрам, рафиқ майор, ин субҳ бо дасти чап аз хоб бархестаед ва ё бо келин гапатон гурехта ва ин даъвати нобаҳангоми банда болои сӯхта намакоб шуда. Биёед, акнун сари масъалаи асосӣ баргардем, вагарна кӣ медонад ин баҳсамон бо чӣ меанҷомад.
-Дар ҳама ҳолат, рафиқ полковник, анҷоми он ба манфиати шумост.
-Чаро ба манфиати ман?
-Чунки аз рўйи вазифа ҳуқуқи шумо баландтар аст ва ба гумон аст банда боре ҳам метавониста бошам, ки истироҳати шуморо дар рўзи якшанбе халалдор созам.
“-Прав тот у кого больше прав.”
-Бале.
-Дар ин ҷода банда бо шумо, рафиқ майор, ҳамфикр шуда наметавонам.
-Чаро?
-Курсии мансаб чун зинаҳои нардбон аст. Ҳар қадар шахс ваколати бештаре ба даст оварда, ба зинаи боло барояд, афтиданаш ҳам хатари бештареро ба бор меорад.
-Чунин амал дар ҳолате рух медиҳад, ки нардбон шиканад.
-Зиндагӣ маҷмўаи бешу камист ё чӣ хеле Хоҷа Ҳофиз гуфта: “Доимо яксон намонад, чархи гардун ғам махӯр...”
-Бандаро ҳавои баромадан ба зинаҳои болои нардбон дар сар нест.
-Чӣ ҳавое шуморо дар сар ҳаст ё не чандон муҳим нест.
Имрўз мо ҳама ҳомии қонунем ва вазифаи асосии ҳар як нафари мо ин пешгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти номатлуб аст, чун дар баъзе мавридҳо ин амал дар танҳоӣ ба мо даст намедиҳад, бояд аз рўйи мақоли “ қувваи мушт дар муттаҳидии ангуштон аст” амал намоем то нафареро, ки пой болои қонун гузоштааст, ба “зону” шинонем, то ў гуноҳи содирнамудаашро дар доираи қонун ҷуброн намояд. Маҳз ба ҳамин хотир мо имрўз истироҳати хешро қурбон намуда, сари мизи гуфтушунид гирд омадаем.
-Бифармоянд.





