-Дишаб дар замоне, ки ҳамаи мо дар хоб будем, дар хиёбони “Дӯстии халқҳо” нафаре худро ба зери чархи автомашина партофтааст.
-Партофтааст ё вайро партофтанд?
-Охир хиёбони “Дӯстии халқҳо” тобеъи ноҳияи мо нест, - бори аввал гулӯ рӯшан намуда гуфт Ҷомии Шариф.
-Барои ҳамин ҳам дишаб касе ором хобидани моро халалдор накард.
-Оё байни ҳодисаи мазкур ва парвандаҳои дар истеҳсолоти мо буда ягон пайвастагие ҳаст?
-Ҳаст ва боз чӣ хел...
-Шуморо гӯш мекунем.
-Шахси дар хиёбони “Дӯстии халқҳо” қасд ба ҷони хеш намуда, ҳамон нафарест, ки мо ҷустуҷўяш дорем.
-Дар маҷмӯъ беш аз даҳ нафар мавриди ҷустуҷўи мо қарор дорад ва агар бемалол бошед...
-Вай ҳамон нафаре буд, ки бояд алибии дигареро тасдиқ мекард.
-Чаро буд? - пурсид лейтенанти калони милиса Ҷомии Шариф.
-Чунки вай акнун бо дунёи ҳастӣ падруд гуфта...
-Новобаста аз он ки сарвари ШКД ному насаби шахси дар хиёбони “Дустии халқҳо” ба ҳалокат расидаро нагуфт, вале мо ба хулосае омадем,ки...
-Ў кайҳо дар ин ҷо кор намекунад.
-Шумо вайро мешиносед?
-Киро?
-Усмонро?
-Ўро ҳама мешиносанд.
-Маълум, ки нафари дидадаро будааст.
-Худозада буд...
“-Ист! Ист!- нидо омад аз қалбам, - андеша намо”...
Ҷойи андеша ҳам набуд, вале ҳамин як калима бандаро хушдор сохт, ки чаро Наргис дар бораи эшон тариқи замони гузашта сухан ронд...
-Чаро ба даҳон об гирифтед? - ниҳоят гӯлу рўшан намуд Воҳид Камол ва андешаҳои банда дар атрофи суҳбати дирўзаам бо Наргис дар атрофи нафаре ки боиси саргардониҳои мо гашта буд, пароканда шуданд...





