Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 92 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 92 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Аслан мо эшонро танҳо барои тасдиқ ё инкор намудани алибии Парвина Қамар ҷустуҷў доштем.
-Тамом?
-Дигар мо дар нисбати вай ягон далеле дар даст надоштем.
-Ҳодисаи рух дода худ тақозо мекунад, ки мо бори дигар сари қазияи Солеҳ Қамар андеша намоем.
-Албатта, мо бори дигар сари ин қазия хоҳем баргашт, вале гумон намекунам, ки дар ин ҷода муроде ба даст меорем.
-Магар ин хулосаи бармаҳал нест?
-Мардумон бар он назаранд, ки ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд ва агар рўхсат диҳед, баъзе андешаҳои хешро дар ин бора баён намоям.
-Марҳамат.
Ман дар бораи сафари дирўзаам ба ҶДММ “Маҳмудиён,” суҳбати хеш бо котиба Наргис, пайдошавии ҳоҷӣ Малик ва амалҳои ҷосусии Наргису ронандаи ношинос сухан ронда, мусоҳибонамро ба рафти воқеаҳо то андозае шинос намудам.
-Аз ин бармеояд, ки Усмон Башир боиси бадбахтии бисёр оилаҳо гаштааст, - гуфт сардори милиса.
-Ба андешаи котиба Наргис ҳамин хел.
-Дар айни вақт ҳодисаи дар хиёбони “Дӯстии халқҳо” рухдода ба идораи мо пайвастагие надорад, вале ба он ҷо рафтани мо ҳатмист. Тезии корд дар нӯги корд гуфтаанд.
Лозим меояд, ки шумо, рафиқ майор, ҳамин рўзи якшанберо ба хотири дарёфти ҳақиқат қурбон намоед. Албатта, ман чунин истироҳатро дар рўзҳои дигари ҳафта бароятон муҳайё хоҳам кард. Ҳар он чӣ ки шумо гуфтед, ба қавли бародарони рус “керосином пахнеть” ва ба гумон аст, ки Усмон Башир қасди ҷони хеш намуда бошад, новобаста аз он ки ҳамкорони мо аз ШКД-и ноҳияи ҳамсоя ҳодисаро чунин қаламдод намудаанд.
-Ман бояд бо кӣ вохӯрам?
-Не мне вас учить.
-Итоат.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан