-Тоқат, боз ҳам тоқат. Ба лейтенанти калон дастури муфассал диҳед, то дар атрофи ҶДММ “Маҳмудиён” кор барад.
-Хуб шудааст.
-Аз пайи кор шавед. Ба фикрам, имрўз аз ин бино берун нахоҳам рафт. Шумо метавонед дар ҳама ҳолат бо ман дар тамос шавед ва агар зарурияте пайдо шавад, ёрӣ пурсед.
-Итоат! - гӯён мо бо нафаре, ки рўзи истироҳатамонро халалдор карда буд, дӯстона худоҳофизӣ намудем.
-Бегоҳ боз дар ҳамин ҷо вомехӯрем, - аз қафоямон садо рўшан кард Воҳид Камол.
Мо боз ба ошёнаи дуюм баромада ва баъди даҳ дақиқаи машварат аз бинои милиса берун шудем.
Дар чорроҳаи аввалин мо ҷудо шудем ва ман ба нақлиёти шаҳрӣ нишаста, ба самти хиёбони “Дӯстии халқҳо” ва Ҷомии Шариф бошад, ба тарафи маҳаллаи Зарафшон рафт...
...14...
“Дар ноомади кор атола дандон шиканад” гуфтагӣ барин шуд, чунки ман на танҳо далеле ба даст оварда натавонистам, балки баъди баҳси беохир ба кормандони ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ шикасти хешро эътироф намуда, ба коргоҳ баргаштам. Новобаста аз он ки сардор дар дафтари кориаш буд ва навбатдор бандаро ҳушдор сохт, ки Воҳид Камол чанд маротиба маро пурсид, майли ба назди эшон даромадан накарда, рост ба дафтари кориам рафтам, то дар танҳоӣ сари ҳодисаи рухдода андеша намоям...
Хушбахтона, дар ин рўзи якшанбеи даҳаи аввали моҳи май ошёнаи дуюми бинои милиса нисбати рўзҳои кори мазорро мемонд. Маҳз аз ҳамин хомӯшии муваққатӣ истифода бурда, ман бори дигар сари рўзгори нафаре, ки бояд алибии Парвина Қамарро тасдиқ ва ё инкор менамуд, ва акнун ҷон ба ҷонофарин таслим намуда буд, андеша намудам...
Ҳатто боварии кас намеомад, ки Усмон Башир, нафаре, ки сети бонкиро кушода, боз аз ҷавобгарӣ озод шуда буд ва на танҳо озод, балки милисаро гунаҳкор сохтаву товони зарари хеш рўёнида чӣ тавр метавонист ба худкушӣ даст заднад ё дурусттараш дар кӯчаи беодам ба зери автомашина афтад? Ин ҳама танҳо андешаҳои банда буданд.





