Дар асл бошад, ҳуҷҷатҳои гирдовардаи ҳамкорони мо бархилофи ҳама андешаҳои ман буданд. Кормандони милиса ин дафъа кӯшиши зиёде ба харҷ дода, ба қавле дуздеро дар обмурӣ доштанд.
Ронандаи автомашинаи “ Опел-Астра” Абубакри Ҳусейн соати 2340 дақиқа аз шабнишиние баромада, дар ҳолати мастӣ сари чанбарак нишаста, ба мақсади овардани нӯшокии спиртӣ ба самти бозори “Саховат “ ҳаракат намудааст... Дар чорроҳаи “Шаҳрчаи ҷавонон” хоб ба ӯ ғалаба намуда, мошин аз роҳ баромада чаппа шудааст. Ба ҳама сахтии зарба нигоҳ накарда, ба худи ронандаи маст осебе нарасида. Дар замоне, ки кормандони БДА ронандаро аз автомашинаи чаппашуда берун меоварданд, тариқи мухобира хабар гирифтаанд, ки дар хиёбони “Дӯстии халқҳо” ҷасади марди тахминан 28 – 30 солае рўйи роҳ ёфт шуда. Ин ҳамон самте буда, ки автомашинаи “Опел –Астра” лаҳзае пеш онро убур намуда ва сипас дар масофаи 1000 – 1500 метр пас худ ба фалокат гирифтор шуда...
Дар бинои милисаи ноҳияи Фирдавсӣ сабаби ба санади таслимшавӣ имзо гузоштани банда он шуд, ки дар баёноти Абубакри Ҳусейн омада буд: “Дишаб ман дар шабнишиние будам, дурустараш мо зодрўзи ҳамсабақамон Ҳуснороро қайд мекардем. Бисёр мехостем шабнишинӣ то субҳ давом кунад, вале шароб тамом шуд ва корҳо дӯлоб гаштанд... Соҳибҷашн, ки нисбати банда бетафовут нест аз ман хоҳиш намуд, ки илоҷи корро дарёбам...
Ҳангоми аз хиёбони “Дӯстии халқҳо” гузаштанам, нохост аз паси анбўҳи дарахтон нафаре калавида – калавида рўӣ роҳ баромад. Ман пой ба тормоз бурдам, вале бе натиҷа. Чун дар гирду атроф касе набуд, дубора газро зер намудам ва дар интиҳо аз суръати баланд автомашина аз роҳ баромада чаппа шуд...” Ана ҳамин хел, нафареро, ки мо беш аз як ҳафта ҷустуҷў доштем, дар ними шаб маст шуда, рўйи роҳ баромада, худро ба зери чархи автомашина партофтааст.
-Чӣ тазоде...
Занги телефон садо дод ва ман беихтиёр гӯшакро бардоштам.





