Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

-Чунин ҳолати корро ҳам инкор карда намешавад вале агар ў бегуноҳ бошад, албатта, барои сояро аз болояш дур афкандан бо мо ҳамкорӣ хоҳад кард.
-Ман ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки чӣ тавр вай бе розигии шавҳар ба осоишгоҳ рафтааст.
-Ба фикрам, номи вай дар чунин амал на дар сархат ва на дар охири дафтар аст.
-Рафту агар ҳодисае рух намедод, аслан касе ҳам ба ном ва кирдорҳои пасипардагиаш таваҷҷуҳ зоҳир намекард. Пас агар чунин аст, бояд ба суолҳоятон посух мегуфт.
-Гуфт, ки тамоми шаб дар осоишгоҳ буд ва шоҳид ҳам дорад.
-Ному насаби шоҳид?
-Аз ошкор намудани номи вай дар айни замон худдорӣ кард.
-Албатта ҳамаи ин худдориҳо муваққатист ва хоҳу нохоҳ вай ному насаби он шоҳиди гуфтаашро ошкор хоҳад кард.
-Пас чӣ бояд кард?
-Ҳар кас дар макони хеш ҳокими вақт аст, аз ҳамин лиҳоз моро лозим меояд, вайро аз ин мақом поён биёрем.
-Гуфтаниед, ки вайро ба ҷойи кори хеш даъват намоем?
-Роҳи дигареро намебинам.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки вайро боздошт намоем?
-Ман намехоҳам болои сӯхта намакоб пошам, вале мо наметавонем ба рафти ҳодисаҳо аз паси панҷа нигарем.
-Майлаш, ман вайро барои суҳбат ба прокуратура даъват мекунам, то бубинем боз чӣ мешавад.
-Оҳ, ман сари сахтамро ба куҷо занам! - Навҳа задани зане, ки садояш аз дари нимкушода вориди меҳмонхона гашт, моро аз муколамаи минбаъда боздошт.
Дар кушода шуду ҳамроҳи соҳибхона зани тахминан сиюпанҷ – сиюҳаштсола ва марди дар нисбати зан панҷ – шаш сол ҷавонтар вориди меҳмонхона шуданд.
Ба хотири эҳтироми онҳо ману Фурўғ аз ҷойи бархестем.
Мард бо азобе худро ба даст гирифта, ба сўйи ман даст ёзонда, худро муаррифӣ кард: - Фотеҳи Қамар.
-Майори милиса Абдумаҷидов, - дасти эшонро фишурда гуфтам ман.




