Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале дар гирду атроф якчанд кас саросемавор такудав мекарданд. Одамон аз назди фургон то дари хона ва аз дари хона то фургон зуд-зуд рафта меомаданд.

Онҳо тахминан даҳ нафар буданд; бо сару либос ва ранги пӯст аз якдигар фарқ мекарданд. Аксарияташон сарбозони ғайриқаторӣ буданд. Ду нафари онҳо, шояд, ошпаз буданд ва боз ду-се нафарашонро хизматгорони афсарҳо пиндоштан мумкин буд.

Дар байни онҳо зангини олуфтанамое бовиқорона пасу пеш рафта меомад; сабаби мағрурии ӯ фақат ҳамин буд, ки вай пешхизмати майор — коменданти қалъа буд. Ба ин гурӯҳи одамони гуногунпӯст серҷанте фармонфармоӣ мекард, ки мувофиқи мансаб дар остини куртааш се нашковка дошт; ба вай супурда шуда буд, ки нӯшокӣ ва озуқаворӣ — хулласи калом, барои сайр ҳама чизҳои заруриро ба фургон бор кунад.

Аз рӯи миқдор ва гуногунии захираҳое, ки ба фургон бор карда мешуданд, тахмин кардан мумкин буд, ки сайри болабдабае барпо мегардад: дар он ҷо сабаду сабадчаҳои ҳархела ва гуногунҳаҷм ва қуттии дарозшакле бо дувоздаҳ шиша шампан меистод; қуттичаҳои тунукагии рангашон ҷигарии кушод ва қуттичаҳои моҳии сардина аз хӯрданиҳои лазизе шаҳодат медоданд, ки аз роҳи дур ба Техас оварда шудаанд.

Бо вуҷуди фаровонии шаробҳо ва анвои таомҳои лазиз, яке аз касони дар ин ҷо тараддуд карда истода норозӣ буд. Ин зуккахӯри маъюс Зеб Стумп буд.

— Гӯш кун, — ба сержант рӯ оварда гуфт вай, — дар ин фургон ким-чи камӣ мекунад. Ба гумонам, дар дашт касоне ёфт мешаванд, ки ҳаргуна чизҳои хориҷӣ ба монанди ин шампане ба онҳо маъқул намешаванд ва баъзеҳо обишҳори оддиро афзал медонанд.

— Обишҳоро аз шампан афзал медонанд? Шумо дар бораи аспон гап мезанед, мистер Стумп?

— Аҷина занад аспони туро! Ман дар бораи обхӯраи асп не, дар бораи вискӣи мопонгахил гап мезанам.

— Акнун ҳамааш фаҳмида шуд! Гапатон дуруст, мистер Стумп... Помпей, вискиро аз хотир набарор. Зоҳиран, дар он ҷо як шишаи калон барои сайр эҳтиёт карда монда шудааст.

— Айнан ҳамин тавр, сержант! — овози хизматгори сиёҳпӯст баланд гардид, ки шишаи калон дар даст наздик мешуд.— Ана ин худи ҳамон вискӣ.

Шикорчии пир акнун тайёриро ба охир расидагӣ ҳисоб карда, бетоқатӣ менамуд.

пешина
аз 509
навбатӣ