Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

чапакзане, ки ӯро пешвоз гирифта буданд, аҳамият надода гуфт мустангер, — оё метавонам аз шумо илтимос кунам, ки ба асп наздик шуда, ба гарданаш лассо партофта, ба аспхона баред! Агар шумо ин корро кунед, ӯ шуморо ромкунандаи худ мешуморад ва минбаъд ҳаргоҳ ба ёдаш биёред, ки аввалин бор чӣ ӯро аз озодӣ маҳрум сохт, аз раъйи шумо сар намепечад.

Зебосанами сертакаллуф аз чунин таклиф ба хашм меомад, сернозунузаш рад менамуд, духтари беҷуръат бошад метарсид.

Аммо Луиза Пойндекстер, ки абераи муҳоҷирзани франсуз буд, дақиқае ҳам дудила нашуд, бе нозу ишва ё тарсу ҳарос, аз ҷой хест ва аз дӯстони асилзодааш дур шуд. Вай ба маслаҳатҳои мустангер пайравӣ карда, чилбурро ба даст гирифта ба гардани мустанг партофт ва етал карда, ба аспхонаи Каса-дель-Корво бурд.

Суханони мустангер дар гӯши вай ҷарангос зада, дар калбаш акси садо медоданд: «Ӯ шуморо ромкунандаи худ мешуморад ва минбаъд ҳар гоҳ ба ёдаш биёред, ки аввалин бор чӣ ӯро аз озодӣ маҳрум сохт, аз раъйи шумо сар намепечад».

Боби XIII
САРИ ДАШТ

Офтоб тулӯъ карда аввалин шуоъҳои аргувонии он ба байрақи қалъаи Инч партав афканд, акси нури шуоъи басе хира ба плац-паради назди квартираҳои офицерон афтид.

Акси зиё ба фургони начандон калоне, ки як ҷуфт хачири мексикой ба он баста шуда буд, нур пошид. Аз рӯи бесаброна пой кӯфтани хачирон, дум ва гӯшҷунбонии онҳо, хулоса баровардан мумкин буд, ки онҳо кайҳо боз дар як ҷо истодаанд ва бетоқатона мунтазири ба роҳ даромадан мебошанд. Рафтори аспон бекорхӯҷаҳоро огоҳ мекард, ки наздик нашаванд ва зарби лагади онҳоро нахӯранд.

Рости гап, бекорхӯҷаҳо набуданд, агар марди қавиҳайкалеро ба назар нагирем, ки кулоҳи намадин ба сар дошт ва бо вуҷуди хира будани равшанӣ шинохтан мумкин буд, ки вай Зеб Стумп мебошад!

Зеб Стумп рост намеистод, балки ба модиёни пири худ, ки баръакси хачирони мексикой ва соҳиби худаш асло хоҳиши ба роҳ афтодан надошт, савор буд.

пешина
аз 509
навбатӣ