Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Хӯш, сержант ҳама тайёр шуд? — бесаброна вазнашро аз як узангу ба узангуи дигар партофта гуфт вай.
— Пурра тайёр не, мистер Стумп. Ошпаз мегӯяд, ки ҷӯҷаҳо дурусттар сурх кардан лозим аст.
— Ҷӯҷаҳо пеш-пешу ошпаз аз қафо ба ҷаҳаннам раванд! Онҳо дар назди мурғи марҷони даштҳои мо як пули пучак арзиш надоранд! Дар сурате, ки офтоб чанд газ дар осмон баланд шудааст, паррандаро чӣ хел парронидан мумкин? Майор ба ман фармуд, ки чӣ хеле ки набошад мурғи марҷони нағзе бароиш сайд кунам. Чин занад! Пас аз баромадани офтоб ва илова бар он вақте ки ин аробаи шалак ба зӯр аз қафо ҳаракат карда меояд, ин чандон кори осон нест. Фикр накунед, сержант, — паррандаҳо сарбозони қалъа барин бефаҳм не. Мурғи марҷони ваҳшӣ аз ҳама бошандагони дашт зирактар аст ва барои фиреб додани вай ҳеҷ набошад баробари тулӯи офтоб ё худ барвақтар аз хоб хестан лозим.
— Гапатон дуруст, мистер Стумп. Ман медонам, ки майор ба маҳорати шумо боварӣ дорад ва умедвор аст, ки гӯшти мурғи марҷон мехӯрад.
— Набошад чӣ! Шояд, боз мехоҳад, ки бароиш забон ва со-нӣ бизон ёфта биёрам, агарчӣ ҷинси ин ҳайвон дар Техаси ҷанубӣ бист сол қабл несту нобуд карда шудааст? Ростӣ гап, ба шуниди ман нависандагони Европа, хусусан фарансузҳо, дар китобҳояшон тамоман дигар хел менависанд... Хайр, ба онҳо инсоф диҳад. Дар ин кишварҳо акнун бизон нест... Дар ин ҷо хирс, гавазн, бузи ваҳшӣ, мурғи марҷон бисёр аст, аммо агар наҳор гӯшти парранда хӯрдан бошӣ, субҳ надамидан пеш таҳ-тӯл кардан лозим. Ман бояд аз эҳтиёт вақт дошта бошам, вагарна ёрони шуморо сар шуда мебарам ва ба болои он раҳравон мурғи марҷон шикор мекунам, гуфта ваъда намедиҳам. Гап ҳамин, сержант, агар хоҳӣ ки меҳмонони олитабор вақти наҳор маза карда гӯшти мурғи марҷон хӯранд, фармон деҳ ки ба роҳ дароем.
Суханони таъсирбахши шикорчии куҳансол ба сержант асар карданд ва барои ҳар чӣ тезтар ҳамроҳи ҷумлаи ёрдамчиёни сафедпӯст ва сиёҳпӯсташ роҳ пеш гирифтан тамоми кори ба вай вобаста бударо кард. Ва пас аз ин ба зудӣ фургони пур аз озуқа, ки Зеб Стумп саркардаи он буд, аз ҳамвории васеи байни Леона ва Рио-де-Нуэсес ҳаракат карда мерафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё