Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Роҳ кофтан чӣ ҳоҷат? Гапи беҳуда! Магар мо онро гум кардем?

— Ба гумонам, гум кардаем. Изи чархҳо наменамоянд: онҳо бо алаф якҷоя сӯхтаанд.

— Ҳеҷ гап не! Гӯё бе из минтақаи сӯхтаро гузаштан мумкин нест. Мо изро дар он тараф меёбем.

— Ҳа, ба шарте ки он тараф монда бошад,— соддадилона ҷавоб дод назоратчӣ, ки агарчанде зодгоҳаш штатҳои шарқӣ бошад ҳам, ба гӯшаву канорҳои ғарбии дашт чандин маротиба сафар карда, чӣ будани зиндагии сарҳадро медонист.— Аз болои зин нигарам ҳам, бало ки он канораш наменамояд.

— Ҳай кунед, сиёҳбашараҳо! Ҳай кунед! — сухани назоратчиро бурида фарёд зад Колҳаун.

Ӯ аспро маҳмез зада, пеш тохт ва бо ин рафтораш фаҳмониданӣ шуд, ки супориш бояд иҷро карда шавад.

Корвон боз ба роҳ даромад, вале ба ҳудуди дашти сӯхта расида, якбора истод.

Савораҳо ба як ҷо ҷамъ мешаванд, ки илоҷи корро муҳокима карда бароянд. Вазъият душвор мебошад — ба ҳамворие, ки дар пеши назарашон доман паҳн кардааст, нигариста ҳама ба ин боварӣ ҳосил менамоянд.

Ба ҷуз фазоҳои сип-сиёҳ, дар гирду атроф ҳеҷ чиз наменамояд. Аз гиёҳ нишонае нест, на пояи растанӣ дида мешавад, на алафе. Сӯхтор ба наздикӣ — дар айни таваккуфи тобистонии офтоб рӯй дода буд. Алафҳои расида ва гулҳои рангоранги дашт аз нафаси харобкори оташ сӯхта хокистар шуда буданд.

Дар пеш, дар тарафи чапу рост, ба андозае, ки чашм мерасад, манзараи холии паҳн гардидааст. Осмон акнун лоҷувардӣ не, кабуди баланд мебошад, аммо офтоб, агарчӣ абрҳо рӯяшро напӯшида бошанд ҳам, гӯё дар ин ҷо майли шашшаапошӣ кардан надорад ва ба замини тира назар афканда, мисли ин ки абрӯ дарҳам кашидааст.

Назоратчӣ дуруст гуфта буд: аз роҳ нишоне намонда буд. Сӯхтор, ки алафҳои даштро сӯхта хокистар гардонида буд, низ изи чархҳоро, ки пеш роҳро нишон медоданд, нобуд карда буд.

— Чӣ кор кунем? — Ин саволро худи плантатор медиҳад ва дар овозаш оҳанги саросемагӣ садо медиҳад.

— Чӣ кор кунем, Вудли тағо?.. Албатта роҳро давом диҳем. Дарёӣ бояд дар он тарафи минтақаи сӯхта бошад. Агар дар масофаи ним миль гузаргоҳро ёфта натавонем, ё ба сӯи саргаҳи

пешина
аз 509
навбатӣ