Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

шад ва сари ҳар чанд вақт қамчин шақаррос зада мисли таппонча садо мебарорад, ё худ овози баланди латифи «уоа», ки гоҳ аз лабони ғафси як аробакаш, гоҳ аз лабони ғафси дигар аробакаши сиёҳпӯст мебарорад, ин хомӯширо халалдор мекунад.

Карвон гӯё ламскунон роҳ мерафта бошад, оҳиста-оҳиста ҳаракат мекунад. Роҳи ҳақиқи худаш нест. Он фақат аз рӯи изи чархи аробаҳои пештар гузашта рафта маълум мешавад, ине ки фақат дар рӯи пояи алафҳои тару тозаи зершуда намоён аст.

Бо вуҷуди хеле оҳиста роҳ гаштанашон хачирони ба фургонҳо баста шуда будаи қувваташонро сарф мекунанд. Плантатор тахмин мекунад, ки то мулки нав бештар аз бист мил роҳ намондааст. Ӯ умед дорад, ки то шаб ба он ҷо рафта расад. Бинобар ҳамин, ба гармии ҳаво нигоҳ накарда, қарор дод, ки роҳро давом диҳанд.

Нохост назоратчӣ ба аробакашон ишора мекунад, ки корвонро нигоҳ доранд. Ӯ тахмин сад ярд¹ пеш рафта, гӯё аз пеш монае баромада бошад, якбора лаҷоми аспро кашид.

Ӯ дартоз ба назди корвон меояд. Дар имову ишораҳои вай изтироб ҳис карда мешавад. Чӣ воқеа рӯй дод?

Мабодо ҳиндуҳо набузанд? Мегуфтанд, ки онҳо дар ин ҷойҳо тез-тез пайдо мешаванд.

— Чӣ гап шуд, мистер Сансом? — вақте ки савора наздик омад, пурсид плантатор.

— Алаф сӯхтааст. Дар дашт сӯхтор шуда будааст.

— Сӯхтор шудааст? Вале охир ҳозир дашт намесӯзад-ку? — зуд мепурсад соҳиби корвон ва бо изтироб ба сӯи карета назар меафканад.— Қани? Ман дудро намебинам.

— Не, сэр, — гур-гур мекунад назоратчӣ ва мефаҳмад, ки бекора воҳима кардааст, — ман нагуфтам, ки ҳозир месӯзад, ман фақат гуфтам, ки дашт пеш сӯхта, замин сип-сиёҳ шудааст.

— Хайр, ҳеҷ гап не! Ба назарам, чӣ тавре ки аз дашти сералаф бемалол гузашта рафтан мумкин бошад, аз дашти сӯхта низ ҳамон хел бемалол гузашта рафтан мумкин.

— Ҷош Сансом барои ҳар як майда-чӯйда воҳима кардан беаклист!.. Уй, сиёҳбашараҳо, ҷунбед! Қамчинҳоро ба даст гиред! Хай кунед! Хай кунед!

— Вале капитан Колхаун, гӯед, ки мо роҳро чӣ тавр ёфта меравем? — ба шахсе, ки гапи сахт гуфта ӯро танбеҳ дода буд, эътироз намуд назоратчӣ.

____________________ ¹ Ярд — ченаки дарозӣ, ки тахмин ба як метр баробар аст.

пешина
аз 509
навбатӣ