Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ҳӣ зебосанамимон бошад, гарав мебандам, ки духтари вай аз ҳар духтари ин соҳили дарёи Сабинас беҳтар аст! Чияни интендант якеӣ маҷбур мешавад, ки ҷон худаш зебоманзари якумро ба ӯ гузашт кунад.
— Ҳамту!.. — пурмаъноёна мад кашида гуфт лейтенанти полки тирандозӣ; аз рӯи оҳанги гапзаниаш фаҳмидан мумкин буд, ки ин суханон ҷонашро бароварданд.— Пас миссе Пойндекстер бояд бағоят хушрӯ бошад.
— Аз ҳамон вақте ки ман маротибаи охир ӯро дар хонаи Лафурш дар базм дида будам, бенур нашуда бошад, бағоят хушрӯ аст. Дар он ҷо якчанд креоли ҷавон буд, ҳар кадомашон кӯшиш мекарданд, ки сазовори илтифоти ӯ гарданд ва кор қариб ба дуэл оид шуда буд.
— Мумкин, танноз бошад? — гуфт тирандоз.
— Ягон қадар, Кроссмен. Баръакс, бовар кунед. Бисёр духтари ҷиддӣ ва ба бетакаллуфӣ саҳл барзиёд роҳ намедиҳад — гурурро аз падараш мерос гирифтааст. Ин хусусияти авлодии Пойндекстерҳо.
— Духтар табъи дили ман будааст, — шӯхиомез гуфт драгуни ҷавон, — ва агар, чӣ тавре ки шумо мегӯед, капитан Слоумен, ин қадар хушрӯ бошад, аз афташ ман ба ӯ ошиқ мешавам. Дили ман шукри Худо, дили Кроссмен барин банд нест.
— Гӯш кунед Ҳенкок, — ҷавоб дод афсари қӯшуни пиёдагард, ки одами корозмуда буд, — ман шарт бастанро нағз намебинам, аммо чӣ қадар пул гӯӣ ба гарав мемонам, ки Луиза Пойндекстерро дидан ҳамон, шумо ин гапро гашта гуфта наметавонед, — албатта, агар самикӣ бошед.
— Лутфан, ғами маро нахӯред, Слоумен! Ман дар зери оташи чашмони зебо ҷудо бисёр будам, бинобар ҳамин аз онҳо наметарсам.
— Аммо ин хел зебояш набудагист.
— Чин занад! Шумо одамро маҷбур мекунед, ки духтарро надида ба ӯ ошиқ шавад. Агар ба суханони шумо бовар карда шавад, ӯ нозанини яктост.
— Ҳа, шумо саҳв накардед. Дафъаи охир дидагиам ӯ ҳамин хел буд.
— Ин кай буд?
— Базм дар хонаи Лафурш? Ҳозир ба хотир меорам... Тахмин якуним сол пеш. Баробари аз Мексика баргаштанамон. Ӯ ҳамон вақт нав кӯчида ба ин ҷо омада буд; дар бораи вай мегуфтанд: «Дар осмони ҳусн ситораи наве шӯълавар гардид, ки барои нурпошӣ ва шӯҳрат ба дунё омадааст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё