Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Якуним сол — ин муддати зиёд, — бо андеша гуфт Кроссмен.— Барои духтар ва хусусан барои креолдухтар ин мӯҳлати калон: охир аксар вақт ба ҷои шонздаҳ дар дувоздаҳсолагӣ онҳоро ба шавҳар медиҳанд. Ҳусну ҷамоли вай дар ин муддат таровати худро гум карданаш мумкин.

— Ягон қадар. Ман барои санҷидан ба ҳавлиашон мерафтам-ку, аммо ҳозир онҳо бо кору бори рӯзгор банд ва, эҳтимол, вақти меҳмонқабулкунӣ надошта бошанд. Зотан, ба наздикӣ майор ба хонаи онҳо рафта буд ва дар бораи ҳусну ҷамоли беҳамтои мисс Пойндектер чунон бисёртар гап зад, ки қариб занаш бо ӯ ҷанг карда буд.

— Ба шарафам қасам, — нидо намуд драгун, — шумо чунон ҳисси кунчковиамро зиёд кардед, ки ман, аз афташ, аллакай қариб ошиқ шудам!

— Пеш аз он ки тамоман ошиқи шайдо шавед, ман бояд шуморо огоҳ кунам, ки — бо оҳанги ҷиддӣ гуфт афсари қӯшуни пиёдагард, — гул бе хор намешавад, — дигар хел карда гӯем, дар оила шахсе ҳаст, ки ба саратон ҳар хел бало оварданаш мумкин.

— Шояд, бародараш бошад? Одатан дар бораи бародараш ҳамин тавр мегӯянд.

— Бародар дорад, вале гап дар сари ӯ не. Ӯ ҷавони нағзи олийҳиммат аст, аз Пойндектерҳо ӯ ягона касест, ки кирми кибру ғурур дилашро намехӯрад.

— Набошад падари ашрофзодааш будагист? Гумон намекунам, ки ӯ бо Генкокҳо ҳамманзил шуданро нахоҳад.

— Ман ба ин боварӣ надорам... Аз хотир набароред, ки Генкокҳо — янки мебошанд, плантатор бошад — аз бошандагони бошарафи ҷануб аст! Вале ман дар бораи Пойндектери пир намегӯям.

— Дар он сурат он шахси асроромез кист?

— Бачаи аммааш — Кассий Колхаун. Бисёр одами бадниҳол.

— Ман, зоҳиран, номашро шунидагим.

— Ман ҳам, — гуфт тирандоз.

— Ба ҳар сурат, касе ки дар ҷанги Мексика ширкат карда бошад, яъне ҳар касе ки дар юриши Скотт иштирок намуда бошад, ин номро шунидааст. Кассий Колхаун аз худ хотираи бад гузоштааст. Зодгоҳи вай штати Миссисипи аст ва дар вақти ҷанг дар полки волонтерҳои Миссисипи капитан буд. Аммо аз казарма дида, бештар ӯро дар қиморхона, дар паси мизи картабозӣ дидан мумкин буд. Як-ду кори ҳаром кард, ки номашро

пешина
аз 509
навбатӣ