Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
аробаҳои пур аз лавозимоти ҳарбӣ дар паҳлӯи онҳо истодаро ба худ тасаввур намоед; инчунин як-ду чодири сафедеро, ки афсарон дар онҳо ҷо гирифтаанд ва барои аҷоибии кор дар зери матои катони хобиданро афзал донистаанд; милтиқҳои посбонон, ки аҳромшакл гузошта шудаанд. Ҳамаи инҳоро ба худ тасаввур намоед ва дар пеши назари шумо манзараи қалъаи ҳарбӣ, ки дар сарҳади Техас, дар канори аз ҳама дурдасти тамаддун воқеъ гардидааст, намоён мегардад.
Пас аз як ҳафтаи он ки плантатор аз Луизиана ба ҳавлии наваш кӯчида омад, дар плац-паради¹ назди қалъаи Инч се афсар истода, ба сӯи осиёби Каса-дель-Корво менигаристанд.
Ҳамаи онҳо ҷавон буданд — аз ҳама калонсолтари онҳо аз сӣ сол зиёдтар надошт.
Погонҳои ду навордори якуми онҳо ба рутбаи капитании вай ишорат мекард; дуюмаш як навори кӯндаланг дошт, ки лейтенанти калон буд, сеюмаш, назар ба погонҳои бе аломаташ, зоҳиран, танҳо лейтенанти хурд буд.
Онҳо аз навбатчигӣ озод буданд ва дар бораи бошандагони нави Каса-дель-Корво — плантатори аз Луизиана омада ва аҳли оилаи ӯ гап мезаданд.
— Бӯрёкӯбонро тӯю тантана мекунем, — гуфт капитани сарбозони пиёдагард, ки даъват шудани тамоми афсарони гарнизонро дар назар дошт. — Аввал зинёфат, баъд рақс. Воқеаи дар хотир мемондагӣ! Шояд, мо дар он ҷо тамоми асилзодагони маҳаллӣ ва зебосанамҳоро бубинем.
— Асилзодагон? — хандида гуфт афсари полки драгунӣ. — Ба гумонам, дар ин ҷо асилзодагон чандон бисёр нестанд ва зебосанамҳо, шояд, аз онҳо ҳам камтар бошанд.
— Шумо саҳв мекунед, Генкок. Дар соҳили Леона инашро ҳам ёфтан мумкин, ваяшро ҳам. Аз Штатҳои Муттаҳида ба ин ҷо одамоне кӯчида омадаанд, ки дар ҷамъият нуфузи калон доранд. Мо дар тантанаи Пойиндекстер онҳоро вомехӯрем, ман ба ин шубҳа надорам. Дар хусуси ашрофият бошад парво накунед: худи соҳибхона аз нохуни по то мӯи сар ашрофзода аст, агар як-як ба меҳмонон тақсим карда диҳад ҳам, боз ба ҳамин қадар меҳмони омадагӣ мерасаду зиёдатӣ мекунад. Аз ваҷ-
¹ Плац-парад — майдони намоиш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё