Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
шабни курси моҳ дар ин ҷо ба назар тамоман нуқрагин менамояд.
Ҳамин вақту соате ки курси моҳ ва ситораҳо аллакай дар осмон ғоиб гардидаанд, ҳамон вақте ки шаббода бо бӯи накҳатомези гулҳо аз халиҷи Матторд мевазад ва ба байрақи пурситора ҳамлавар шуда, дар равшании субҳгоҳӣ онро мекушояд, ба поён нигаред, — нигаред ва шумо манзараи ба андозае зебо ва табиӣ, аз рӯи шакл ва рангҳо нозук, сару либосҳои гуногунро мебинед, ки аз тасвираш қалам оҷизӣ мекунад.
Шумо ҳарбиён: сару либоси осмониранги пиёдагардони Штатҳои Муттаҳида, мундирҳои кабуди драгунҳо ва мундирҳои рангашон пасти қариб ҳиснашавандаи ба ранги сабз монандӣ тирандозони савораро мебинед. Фақат афсарони навбатчӣ, сардори дастаи қаровулон ва худи қаровулон форма пӯшидаанд. Рафиқони онҳо аз вақти холӣ истифода намуда, дар тан куртаҳои сурхи бумазӣ, дар сар қулоқҳои мулоим ва дар пой мӯзаҳои топ-тоза дар назди казарма ё айвони аспҳо гашту гузор мекунанд.
Онҳо бо одамони сару либоси гражданӣ пӯшидагӣ истода гап мезананд. Он касон шикорчиёни қоматбаланде мебошанд, ки дар тан куртаҳои пӯсти гавазн ва ҳамон гуна соқпӯш до-ранд; ғалабонон, мустангерҳо ба мисли мексикоиҳо сару либос пӯшидаанд; мексикоиҳои ҳақиқӣ шалворҳои васеъ, дар китф серапе, дар пой мӯза ва маҳмезҳои азим ва дар сар сомбрероҳои бепарвоёна якшоха гузоштаи пардознок доранд. Онҳо бо ҳиндуҳо, ки барои савдо ва гуфтушуниди осоишта ба қалъа омадаанд, истода гап мезананд; хаймаҳои онҳо аз он ҷо андак дур воқеъ гардидаанд. Андоми ҳиндуҳо бо кампалҳои сурх, сабз ва кабуди ба китф партофтаашон ба ғоят хушнамуд ва қариб ба таври намуна зебо мебошанд; ҳатто он нақшу нигори нозебе, ки бо он пӯсти баданашонро баднамо кардаанд ва мӯйи сиёҳи дарозии аз чирк бо ҳам часпидаашон, ки аз кили асп ба онҳо мӯйи ҳайратонгез бофтаанд, хусну зебоии комили онҳоро вайрон намекунад.
Ин издиҳоми омехтаро бо сару либосҳои гуногун, ки қавму миллат, касбу кор ва мақому мартабаи соҳибони онҳоро муай-ян мекунад, ба худ тасаввур намоед; боз фарзандони сиёҳпӯс-ти Ҳабашистон — грумҳои афсарҳо ё хизматчҳои плантатори ҳамсоя ба ин илова кунед, ба худ тасаввур намоед, ки чӣ тавр онҳо гурӯҳҳои хурд-хурдро ташкил дода, сӯҳбат мекунанд ё дар ҳамворӣ дар байни фургонҳо бекор-бекор мегарданд; ду тӯпи шашфунтаро, ки дар рӯи чархҳо устувор мебошанд ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё