Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
- Ман инро аз наздикии ҷои куштор рӯй додагӣ ёфтам, — мегӯяд шикорчии пир ва коғазпораро ба вакилони даъво медиҳад. - Он ба хори акоқии дар монда ва ба он ҷо аз мили ҳамон милтики тири холии кардагӣ афтида монда буд. Ба андозае, ки ман мефаҳмам, дар вақти пур кардани тир истифода бурда шудааст. Аҷибаш ҳамин ки номи дар рӯи он навишташудагӣ ба ҳарфҳои рӯи тир будагӣ комилан мувофиқат мекунанд. Вакилони даъво худашон хонда метавонанд.
Оқсақоли вакилони даъво порчаи коғазро мегирад ва онро ҳамвор карда бо овози баланд мехонад. - «Ба капитан Кассий Колхауп».
Боби XCVI
ГУРЕХТ!
Бо тантана ба забон ронда шудани ин ном ба суд таъссуроти калон мебахшад.
Дар айни замон издиҳом баробар фарёд мезанад. Ин фарёди тааҷҷубу ҳайрат намебошад. Не! Он далолат ба зиёда аз ин аст. Ин бегуноҳбарории айбдор ва айбдор кардани касе мебошад, ки аз ҳамаи муддаиён ашаддитарин буд.
Шаҳодати Зеб Стумп гунаҳкор будани Колхаунро исбот кард, аммо онро ҳама пешакӣ гумонбар шуда буданд ва ҳар қадар ки рӯи ҳақиқат бештар кушода мешуд, ин гумону шубҳаҳо то рафт меафзуд. Акнун дар дили ҳеҷ кас шубҳа намемонад, ки Морис Жералд айбдор нест ва барои қатли Генри Пойндекстер ӯро не, балки каси дигарро суд кардан лозим аст.
Ҳама низ боварӣ доранд, ки котил Колхаун мебошад. Коғазпораи сӯхта дар силсилаи исботҳо ҷузъи охирин мебошад ва агарчи ин далели бевосита бошад ҳам, мақсади ҷиноят пештара барин махфӣ мемонад, вале дар байни ҳозирон гумон аст одаме ёфт шавад, ки ҳанӯз ба содиркунандаи ҷиноят шубҳа кунад.
Пас аз он ки вакилони даъво бо навбат конвертро дида баромаданд, аз нав ба шоҳид сухан доданд, зеро ӯ гуфт, ки ҳанӯз ҳамаашро нагуфтааст. Ӯ мегӯяд, ки чӣ тавр дар дилаш шубҳа пайдо шуд ва ин ӯро маҷбур сохт, ки ба ҷустуҷӯи из ба дашт барояд; дар бораи тири аз гуллии беша парронидагии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор