Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Бо вуҷуди он ки печи винти милтиқ онро харошида, дамаш ба кабӯрга расида гашта буд, дар рӯи он ҳанӯз тасвири ҳилол ва ҳарфҳои «К. К.»-ро фарқ кардан мумкин буд.

Ин ҳарфҳо як олам чиз мегӯянд! Дар байни касоне, ки ҳозир ин ҳарфҳоро аз назар мегузаронанд, баъзеҳо дар хотир доранд, ки дар бораи онҳо пештар шунида буданд. Онҳо шаҳодат дода метавонанд, ки ҳангоми шикори паланг бо чунин тири ишорадор кӣ лоф зада буд.

Каси ҳамон вақт лоф задагӣ акнун, шояд, афсӯс мехӯрад. Вале куҷост вай?

Дар байни издиҳом мардум ин саволро ба якдигар медиҳанд.

— Инро шумо чӣ тавр исбот мекунед, мистер Стумп! — мепурсад сафедкунанда.

— Ҳоҷати исбот кардан нест — ҳамааш равшан! Ба ҳар кӯдак ҳам мисли рӯз равшан ки ин тир Пойдекстери ҷавонро куштааст.

— Аммо, ба фикри шумо тирро кӣ холӣ кардааст?

— Хайр чӣ, ин аз равшан ҳам равшантар. Вақте одам номашро дар рӯи мактуб менависад, ҳеҷ кас саҳв намекунад, ки онро кӣ фиристодааст. Ростӣ гап, дар ин ҷо ҳарфҳои аввал сабт шуда бошанд ҳам, пай бурдан осон — онҳо исбот наметалабанд.

— Ман дар ин ҳеҷ як аҷобат намебинам,— ба гап ҳамроҳ мешавад прокурор.— Тир ишора дорад, ин дуруст,— дар рӯи он ҳарфҳое навишта шудаанд, ки онҳо ба мӯҳтарам сокини маҳаллӣ метавонанд муносибат надошта бошанд. Ҳатто фарз мекунем, ки ин ҳарфҳои аввали ному фамилия ва тири ӯ мебо- шад. Ва ба ҳар ҳол ин исбот намебошад. Қатле, ки бо аслӣ-ҳои бегона иҷро карда шудааст — воқеаи басе муқаррарӣ ме- бошад. Ба муқобили ин кӣ эътироз мекунад? Ғайр аз ин — да- вом медиҳад прокурор, — ба шахси шумо ишора карда гап мезадагӣ, чӣ зарурати одамкушӣ буд? Мо ҳарфҳои аввали ному фамилияи кӣ буданашро ҳамаамон медонем. Ба фикрам, онро худи вай рад намекунад. Аммо ин ҳоло исбот намебо- шад. Дигар далелҳои номи ӯро ба ин ҷиноят алоқаманд ме- кардагӣ нест.

— Шумо ҳамин тавр фикр мекунед? — мепурсад Зеб Стумп, ки бесаброна мунтазири нутқашро тамом кардани прокурор буд.— Ба инаш чӣ мегӯед?

Зеб ин суханҳоро гуфта аз халтачааш коғазпораеро мебарорад, ки аз дуди борут сиёҳ шуда буд.

пешина
аз 509
навбатӣ