Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

бо будаки ҳамин ресмон устувор карда шудааст, ки он ба узангуҳо баста шуда, ҳамчун пуштанг аз зери шиками асп кашида шудааст.

Ҳамаш айнан гуфтан айбдор барин буд, — фақат сар набуд. Куҷост он?

Ҳеҷ кас ба додани ин савол ҷуръат намекунад. Ба гуфтаҳои Зеб Стумп гӯш дода, ҳама ҷасадро бо диққат аз назар мегузаронанд.

Ӯ аз ду ҷо тир хӯрда, як тир аз дил боло, як тир аз шикам боло ба қафаси синааш расида буд.

Ҳама чашмҳо ба захми поёнӣ дӯхта шудаанд, он хун баста, матои нафиси блуза хунро ба худ ҷабида аст.

Захми болоӣ ин ҳатто захм ҳам не, сӯрохии на чандон калоне дар бофтаи бадан буда, калонияш ба нахӯд баробар мебошад ва аз дур қариб наменамояд. Дар атрофи он тамоман хун нест.

— Ин, — ба сӯрохии болоӣ нишон дода мегӯяд Зеб Стумп, — ҳеҷ аҳамият надорад. Мебинед, ки дар ин ҷо хун нест; ин бошад исбот мекунад, ки тир баъд ба ҷасад расидааст. Ин тирро ман шабонгоҳ аз лаби ҷарӣ истода парронда будам. Ана ин захми дуюм — инаш гапи дигар. Захми марговар ҳаминаш буд. Ва агар ман хато накунам, шумо ҳамин тирро дар ин ҷо меёбед. Чок карда дидан лозим.

Ба таклифи шикорчии пир ҳеҷ кас муқобилат намекунад. Баръакс, худи раиси суд фармон медиҳад, ки тир кашида бароварда шавад.

Ресмонҳоро мекушоянд, сокпӯшҳоро кушода мегиранд ва ҷасадро аз асп мефуроранд.

Он ба назар хеле сахт, карахт менамояд — дасту пойҳои ӯ тамоман қат намешаванд. Вале ба ҳар ҳол гӯё тамоман хушк шуда рафта бошад, хеле сабук мебошад, — вазни ӯ қариб аз вазни мумиё зиёдтар намебошад!

Ӯро бо эҳтиёт ба рӯи алаф мехобонанд. Якчанд кас хомӯшона ба болои вай ҳам мешаванд. Сэм Мэнли роли сарҷарроҳро иҷро мекунад. Бо супориши раиси суд ӯ атрофи ҳамон захмеро, ки хун баста буд, чок мекунад.

Аз байни қабурға ба тарафи шуш чок мекунанд.

Он чиз ки мекофтанд, дар шуши чап меёбанд. Нӯги корди шикорӣ ба ким-чи чизи сахт мерасад. Ин ба тири қурғошимӣ монанд мебошад. Ҳамин тавр ҳам буд!

Тирро гирифта, тоза мекунанд ва ба вакилони даъво медиҳанд.

пешина
аз 509
навбатӣ