Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳид дасташро ба кисаи чуқури нимтанааш меандозад ва саросема нашуда аз он наъли шикастаро мебарорад.

Ӯ онро ба қадри кофӣ баланд мебардорад, то раиси суд, вакилони даъво ва ҳамаи ҳозирон дида тавонанд.

— Гап ҳамин, ҷаноби раиси суд ва ҷаноби вакилони даъво, ҳамон шаби одам кушташудагӣ аспи наълшикаста пасупеш дар дашт тохта буд. Ӯ ба пайи мақтул ва шахсе, ки дар ин ҷо ба қотилл айбдор карда мешавад, рафта буд. Аспи ба дунболи онҳо тохта дуртар аз ҷои ҷиноят содиршудагӣ истода буд. Аммо соҳибаш он тараф пиёда меравад, то ҷон кӯлмаки хун ёфтшудагӣ мерасад: Ӯ хун рехтааст. Қотил савори аспи наълшикаста будааст...

— Давом диҳед, мистер Стумп, — мегӯяд раиси суд. — Фаҳмонида диҳед, ки баёни ногаҳонии шумо чӣ маъно дорад.

— Маъноаш ҳамин ки шахси ман гуфтагӣ дар ғулии беша руст шуда, аз он ҷо тир холӣ мекунад ва аз тири ӯ Пойндексери ҷавон ҳалок гардидааст.

— Кадом одам? Ӯ кист? Номашро гӯед? Номаш! — дувоздаҳ овоз баробар фарёд заданд.

— Шумо номашро дар он ҷо меёбед.

— Дар куҷо?

— Дар ҳамин бадан... Ба ин тараф нигоҳ кунед, — ба ҷасад нишон дода, ба гап давом менамояд шоҳид. — Дар серапеи раҳраҳ доғи сурхро мебинед? Дар миёнҷои доғ — сӯрохие ҳаст. Аммо дар тахтапушти ҷасад сӯрох нест. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки тир дар баданаш мондааст. Биёед сарулибосаро кашида мебинем.

Ҳеҷ кас муқобилат намекунад. Якчанд кас пеш мебароянд, дар байнашон Сэм Мэили низ мебошад. Ӯ эҳтиёткорона сераперо аз китфи савора мегирад.

Дар гирду атроф хомӯшии пуртантана ҳукмфармо мебошад, ки онро ягон садо халалдор намекунад. Фақат вақте ки сераперо аз китфи ӯ мегиранд, дар байни издиҳом пичир-пичир шунида мешавад.

Ҷасад дар тан блузаи кабуди сари синааш чин-чин дошта, то гулӯ тугмаҳои он гузаронидагӣ мебошанд; ранги шимаш низ чунин буда, ба қади чок раҳи басе пастранг дорад; раҳҳо то зону намудоранд, зеро ӯ аз пӯсти хол-хол дар пой соқпӯш дорад.

Дар миёнаш ду печ ҷилбур дорад. Ҳарду нӯки ҷилбур ба қош ва пушти зин баста шудаанд; ба туфайли ҳамин ҷасад дар ҳолати нишаст нигоҳ дошта мешавад. Ба тарзи илова ӯ

пешина
аз 509
навбатӣ