Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ фикри охиринро интихоб мекунад.

Аммо ин ба прокурор маъқул намешавад ва ӯро истинтоқ кардан мегирад.

Оқибат ӯ шикорчии пирро маҷбур месозад, ки тамоми он воқеаҳоеро нақл кунад, ки то Морис Чералдро ба гауптвахта шинонидан рӯй дода буданд.

— Хӯш, акнун, — мегӯяд Зеб Стумп вақте ки ӯро истинтоқ карда мешаванд, — шумо маро маҷбур сохтед, ки оид ба ин ҷиҳати масъала гап занам, аммо пурсидани баъзе чизҳо ба хотираву наомад ва онро ман худам илова кардан мехоҳам.

— Давом диҳед, мистер Стумп, — мегӯяд сафедкунанда аз Сан-Антонио.

— Гап ҳамин. Он чӣ ки ман гуфтаниям, чандон ба айбдор не, балки бештар ба касе дахл дорад, ки бояд ҷопуяшро бигирад. Ман ҳозир номашро намегирам. Ман фақат доир ба чизҳои фаҳмидагирифтағнам гап мезанам. Шумо, вакилони даъво, боқимондаашро худатон пай мебаред...

Шикорчии пир дақиқае хомӯш гардида, нафас рост мекунад, мисли ин ки ба нутқи муфассал тайёрӣ мебинад.

Ҳеҷ кас на сухани ӯро буриданӣ мешавад ва на шитобониданӣ. Ба назари ҳама чунин менамояд, ки ӯ рӯи асрори одамкуширо кушода метавонад. Савораи бесар акнун асрор набуд.

— Гап ҳамин, дӯстон! — давом намуд Зеб. — Он чӣ ки баъд шунидам ва аз ҳама асосиаш, бо чашмам дидам, фаҳмидам, ки Пойиндектери ҷавон дигар дар қайди ҳаёт нест. Ҳамчунин қатъӣ медонистам, ки ин гуна разилона одам куштан кори мустангер — Морис Чералд нест. Дар он сурат ин корро кӣ карда буд? Ҳар кас дар ин масъала фикр карда бошад, ин саволе буд, ки ҳамчунон мисли бисёре аз шумоҳо, маро низ азоб медод. Ба бегуноҳ будани ҷавони ирландӣ боварӣ ки доштам, қарор додам, тамоми ҳақиқатро маълум кунам. Бало занад, бисёр чизҳо ба зарари вай буданд, ман инро инкор намекунам. Ва ба ҳар ҳол ин маро қопеъ кунонда наметавонист. Қарор додам, ки ба дашт раваму изҳо худам омӯзам. Медонистам, ки дар ҳамон ҷо изҳои аспони ба он ҷо рафтаву гашта омадагиро пайдо мекунам. Аммо, чин занад, дар он ҷо боз изҳои бисёреро дидам, ки ба ҳар тараф мерафтанд, агар ҳамин намешуд, кор хеле осон буд. Изи ин асп ба назар махсусган диққатангез намуд ва қарор додам, ки то он чети дунё бошад ҳам меравам. Ин изи аспи зоти американӣ буд; як паҳлаш шикастагӣ буд. Ана худи ҳамин нақл.

пешина
аз 509
навбатӣ