Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

кунад ва, зоҳиран, ҳатто воқеаҳои дар гирду атроф рӯй дода истодаро эҳсос наменамояд. Ӯро ба назди карета мебаранд ва дар паҳлӯи духтараш мешинонанд.

Аммо карета аз ҷо намеҷунбад. Луиза Поиндекстер аспҳоро худаш идора мекунад ва ӯ то тамом шудани суд, то ҳукм бароварда нашавад, то соати қатл нарасад — агар оқибаташ ҳамин бошад, аз ин ҷо немеравад.

Ба шикорчии пир мефармоянд, ки рафта ҷоншоҳидро гирад. Бо супориши раиси суд сафедкунанда истинтоқ мекунад. Ӯ бо ҳар хел расмиятҳои бисьёр корро кашол намедиҳад. Азбаски Зеб Стумп аллакай қасам хӯрда буд, ба ӯ таклиф мекунанд, ки ҳар чӣ доир ба ин масъала медонад, нақл кунад; ба вай имконият медиҳанд, ки мувофиқи хости худаш гап занад. Ӯ бо иборати кӯтоҳ-кӯтоҳ сухан мегӯяд, зоҳиран гумон мекунад, ки дар суд ҳамин тавр гапзанӣ расм аст.

— Рӯзи дуюми гумшавии Поиндекстери ҷавон бори аввал аз ин воқеаи пурдаҳшат бохабар шудам. Вақти нав аз кор гаштанам, дар ин бора ба ман гуфтанд. Ба ман гуфтанд, ки мустангерро ба одамкушӣ айбдор мекунанд. Ман медонистам, ки ӯ ин хел одам нест, вале барои он ки фикр маро ба ҳар хел тангкӯчаҳо набарад, ба дидани ӯ рафтам. Дар хона фақат хизматгори ӯ, Фелим буд. Ҷавон аз ҳар гуна воқеаҳо чунон ҳаросида буд, ки аз нақли ба ман мекардагии ӯ ҳеҷ чиз намефаҳмидам. Дар аснои гапзанин мо саг тохта омад — дар гарданаш қимчӣ бастагӣ буд; ин визиткарти мустангер буд. Дар рӯяш чанд сухан бо ранги сурх — оддӣ карда гӯям, бо хун навишта шуда буд. Ин суханон ба каси хат хонда метавонистагӣ мегуфтанд, ки ҷавонро аз куҷо ёфтан мумкин. Ман Фелиму сагро гирифта ба он ҷо равон шудем. Мо айнан ба вақташ рафта расидем ва ҷавонро аз ҷанголи яке аз он юзҳои холдор, ки мексикоиҳо ӯро паланг меноманд, раҳонидем: ман шунида будам, ки чӣ тавр ирландии ҷавон онҳоро паланг меномад. Ман ба сӯи он гурбаи холдор тир холӣ кардам. Ӯ дарҳол афтид. Мо мустангерро бардошта ба кулбааш бурдем. Мо, сарочамонанд чизеро сохта, ӯро ба он бор кардем, худаш якам ҳам гузошта наметавонист. Ақлаш ҳам дар ҷояш набуд — мурғи марҷон дар фасли баҳор чӣ қадар ақл дошта бошад, ӯ ҳам ҳамон қадар ақл дошт. Мо ӯро ба хона овардем; то омадани отряде, ки ӯро кофтуков мекард, ҳамон тавр хобидан гирифт...

Шоҳид дақиқае хомӯш мегардад, гӯё ақл медавонад, ки ҳар он чӣ дар кулбаи мустангер рӯй дода буд, оё кирои нақл мекунад. Дар бораи онҳо гап назада гузарад беҳтар не?

пешина
аз 509
навбатӣ