Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Колхаун ва дар бораи иваз кардани аспҳо нақл намуд. Оқибат ӯ доир ба воқеаи дар паттазор рӯй додагӣ, вақте ки савораи бесар дастгир карда шуда буд, муфассал нақл мекунад.

Пас аз ин ӯ гӯё мунтазири савол шуда, тавакқуф мена- мояд.

Вале акнун дигар ба ӯ нигоҳ намекунанд. Ҳама медо- нанд, ки ӯ ҳикояи худро тамом кард, тамом накарда бошад ҳам, аздусар ба қадри кифоя исбот ҳаст.

Ҳозирон ҳатто мунтазири машварати суд намешаванд!

Чунин таҳқир табъи дили одамон намебошад; онҳо нава- как шоҳиди он буданд, ки адолат ва инчунин худи онҳо қариб фиреб дода шуда буданд: ва акнун маломати виҷдон ҳис карда, бо овози баланд талаб менамоянд:

— Ҷавони ирландиро озод кунед, ӯ комилан бегуноҳ ме- бошад! Ба мо дигар исбот лозим нест! Ҳамааш равшан! Ӯро сар диҳед!

Талабҳои дигари аз ин дида боисрортар шунида меша- ванд:

— Кассий Колхаунро ҳабс кунед! Корашро ба суд диҳед! Ҷиноят кардагӣ ӯ! Ана барои чӣ ӯ ҳамаро ба муқобили мус- тапгер бармеангехт! Агар ӯ бегуноҳ бошад, метавонад инро исбот кунад. Ӯро одилона суд мекунанд, вале ҳатман ӯро суд кардан лозим. Мо маҳтали сухани шумо, раиси суд! Су- пориш диҳед, ки Колхаунро ба ҳабс гиранд. Бигузор ҷони ода- ми бегуноҳро ҷинояткор нагирад!

Аввал фақат якчанд овоз баланд мегардад, вале баъд ба ин доду фарёд ҳама ҷамъомадагон ҳамовоз мешаванд.

Раиси суд ҷуръат намекунад, ки ба иродаи аксарияти кулл муқобилат намояд ва бархилофи тартиботи ҷорӣ буда Кас- сий Колхаунро ба суд чег мезананд.

Чорчӣ се маротиба номи ӯро гирифта чег мезанад. Ҷавоб шунида намешавад. Ҳама бо чашм Колхаунро мекобанд.

Фақат Зеб Стумп ба самти даркорӣ менигарад.

Шикорчӣ ба назди модиёни пири худ метозад — ӯ пешта- ра барин дар паҳлӯи аспи турук меистад. Зеб бо чолокие, ки ҳамаро дар тааҷҷуб монда буд, часта ба аспаш савор ме- шавад ва аз назди дарахти балут дур меравад.

Дар айни замон ҳама мебинанд, ки чӣ тавр шахси дигаре аз байни аспони дар дашт баста шуда пинҳонӣ мегузарад. Гӯё аз тарси он ки мабодо ӯро дида намонанд, дуздида, аммо бо суръат ва, зоҳиран, ба ҷои таъиншуда пеш меравад.

пешина
аз 509
навбатӣ